Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш аз Ховари Миёна дидан мекунад


Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш
Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш

Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш рӯзи сешанбе, 8 январ, бори аввал тайи тақрибан ҳашт сол сафари ҳаштрӯзаеро ба Ховари Миёна оғоз хоҳад кард.

Илова бар ин Ҷорҷ Буш ба Кувайт, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Миср ҳам хоҳад рафт. Ҷараёни сулҳи Исроилу Фаластиниён, Ироқ ва ҳамчунин Эрон аз масоили аслии баҳси Ҷорҷ Буш дар мулоқоташ бо мақомоти кишварҳои минтақа хоҳад буд. Сафари Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёна баъди шаш ҳафтаи расои мизбониаш аз конфронси сулҳи шаҳри Аннаполис сурат мегирад, ки дар ин ҳамоиш раҳбарони Исроилу Фаластиниён бар сари эҳёи ҷиддии музокироти сулҳ миёни ҳам тавофуқ карданд.

Дар як ҳафтаи пеш мушовири амниятии ҳукумати Амрико Стефан Ҳадлӣ таъкид кард, ки Ҷорҷ Буш қасд надорад, ки мустақиман дар музокироти ин ду ҷониб дахл кунад. Ба гуфтаи бисёре аз таҳлилгарон, раисҷумҳур Буш зимни сафараш кишварҳои арабиро ташвиқ хоҳад кард, ҳамчунон ҷараёни сулҳи Ховари Миёнаро дастгирӣ кунанд. Ҳамин таҳлилгарон сафари нахустини Ҷорҷ Буш ба Исроил ва Канораи Ғарбро рамзӣ медонанд ва яке аз онҳо Мурҳаф Ҷуъҷотӣ пажӯҳишгари Ховари Миёна дар Донишгоҳи Дифоъи Миллӣ дар Вашингтон, доир ба сафари Буш мегӯяд, ин сафар дермонда, вале сазовори истиқбол аст. Дахолат накардан ба масъалаи Ховари Миёна самар надод. Вай меафзояд, акнун пас аз ҳафт соли ҳукумат ҷаноби Буш талошҳояшҳо дар ин самт афзоиш медиҳад, аммо чун моҳҳои ками ҳукуматдориаш мондааст, ӯ кори зиёде ҳам карда наметавонад. Аз сӯи дигар, ӯ як чизе ҳам анҷом медиҳад, ки эҳтимолан кӯмак хоҳад кард, то аз идомаи лағжиши Ховари Миёна ба сӯи варта ҷилавгирӣ шавад.

Авзоъи кишвари дигари Ховари Миёна яъне Ироқ низ аз масъалаи муҳими боздиду мулоқотҳои раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш хоҳад буд. Қарор аст ӯ дар Қувайт бо Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ва сафири Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод - Райан Крокер роҷеъ ба вазъи Ироқ гуфтугу кунад. Ҳарчанд пас аз ирсоли нерӯҳои изофӣ ба Бағдод хунрезиву хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ камтар шудааст, вале Ҷорҷ Буш аз ҷараёни кунди мусолиҳа миёни гурӯҳҳои рақиби ин кишвар ибрози ноқаноатмандӣ ва нигаронӣ кардааст.

Ва масъалаи дигари мояи нигаронии раисҷумҳури Амрико дар Ховари Миёна барномаҳои баҳсбарангези атомӣ ва нуфузи афзояндаи Эрон аст, ки Ҷорҷ Бушро ин кишварро «таҳдид ба сулҳ» хондааст. Аммо, ба гуфтаи Мурҳаф Ҷуъҷотӣ, на танҳо Амрико, балки кишварҳои суннимазҳаби арабии ҳамсояи Эрон низ аз баландпарвозиҳои ин кишвари шиъамазҳаби минтақа нигарон ҳастанд. Мурҳаф Ҷуъҷотӣ мегӯяд, Эрон як масъалаи печидае барои Амрикост. Вай меафзояд, ин мисли як корди дудама аст. Ховари Миёнаи умдатан суннимазҳаб аз Эрон бисёр метарсад. Аммо ҳамзамон кишварҳои минтақа намехоҳанд Амрико ба зидди Эрон ягон иқдом кунад, зеро ин авзоъро бадтар хоҳад кард ва ин кишварҳоро дар хатти пеши ҷабҳа қарор хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, ин кишварҳо хоҳони сиёсати оқилона ва солим дар қиболи Эрон ҳастанд, то бо он роҳ талошҳои Эрон барои пешвои минтақа будан фӯру нишонда шавад.

Аммо ба гуфтаи таҳлилгари дигари амрикоӣ - Майкл О’Ҳанлон, зоҳиран Ҷорҷ Буш дар ин сафараш ҳеҷ гуна нармӣ нисбат ба Эрон нишон нахоҳад дод ва ошкор ба зидди ин кишвар сухан хоҳад гуфт, то мамолики асабонии суннимазҳаби арабиро ором кунад. Яъне вай хоҳад гуфт, ки Амрико иҷоза нахоҳад дод, то Эрон ба абарқудрати Ховари Миёна тадбил ёбад. Вазорати умури хориҷаи Эрон сафари барномарезишудаи Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёнаро танқид карда ва онро дахолат ба умури кишварҳои минтақа номидааст.

XS
SM
MD
LG