Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор ба роҳсозони ҳиндӣ


Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар Афғонистон, ки ҳадафи он корвони мошинҳои роҳсозони як ширкати ҳиндӣ ва муҳофизони онҳо будаанд, ҳафт нафар кушта ва 12 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин бомбгузорӣ дар вилояти Нимрӯз сурат гирифтааст. Волии Нимрӯз Ғулом Дастгир Озод ба хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" гуфтааст, аввал дар назди корвони мошинҳои роҳсозону кормандони пулис бомби аз дур идорашаванда таркида ва сипас як маргталаб бомби бо худ доштаашро дар назди онҳо мунфаҷир кардааст. Бар асари ҳамлаву бомбгузориҳои ҷангҷӯён дар Афғонистон тайи се рӯзи имсол 42 нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG