Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз ташдиди вазъ дар Кениё


Нооромиҳо дар Кениё замоне шуруъ шуд, ки президент Мвай Кибакӣ иддаъо кард, вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 27-уми декабр пирузӣ ба даст овардааст. Кибакӣ нисбат ба рақиби худ 2 дарсад бештар раъй овардааст.

Сарчашмаи нооромиҳо ин буд, ки дар интихоботи ҳамзамони порлумонии Кения ҳизби оқои Кибакӣ мағлуб шуд. Ҳизби мухолифон бо номи Ҷунбиши норинҷии демократӣ ба раҳбарии Райла Одинга аксари мутлақи курсиҳои порлумонро аз они худ кард.

Мухолифон дар Найробӣ тақозо карданд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дубора баргузор шавад. Онҳо интизори тағйирот дар ҳаёти сиёсии кишварашон буданд ва умед доштанд, ки орзуҳои онҳо танҳо дар сурати интихоби раиси ҷумҳури нав бароварда хоҳад шуд.

Чунин норизоятиҳо дар рузи аввали Соли нав оташи задухурдҳоро дар маҳаллоти рустоии Кениё фурузон кард. Дар нахустин задухурд 30 нафар кушта шуданд. Кушташудагон дар каллисое дар шаҳраки Элдорет, воқеъ дар ғарби Кениё паноҳ бурда буданд. Онҳо ҳама аз бузургтарин қабила, яъне аз қабилаи Кикую буданд, аз қабилае, ки президент Кибакӣ низ ба он муттааллиқ аст. Ин қабила аз соли 1963, яъне аз замони истиқлоли Кениё аз Бритонё то ҳол раҳбарии Кениёро дар ихтиёр дорад.

Баъд аз ин куштор қабилаи Кикую ва баъзе аз мақомоти давлатӣ мухолифонро муттаҳам карданд, ки онҳо даст ба қатли ом задаанд. Одинга - раҳбари мухолифон аз қабилаи дигар бо номи Луо ва афроди қабилаи дигаре бо номи Каленҷинс куштори Элдоретро таҳрик дода буданд. Дар рузҳои баъдӣ мухолифат ва задухардҳо доманаи васеъ пайдо кард.

Ҳоло намояндагони Салиби сурх мегуянд, дар нооромиҳои баъд аз интихоботӣ тақрибан сад нафар кушта ва сад ҳазор нафари дигар аз маҳали зисти худ фирор кардаанд. Бо вуҷуди ин, ки ҳукумат мардумро ба оромии фаврӣ даъват мекунад, вале нишонаҳои камтаре аз чунин оромӣ мушоҳида мешавад.

Даъватҳо дар бораи музокироти сулҳи миёни ҳизбҳои рақиб низ то ҳол ба ҷое нарасидааст. Одинга - раҳбари мухолифон гуфт, ки музокирот танҳо дар ҳузури нозирони байналмиллалӣ метавонад анҷом гирад.

Дар марҳалаи кунунӣ масъалаи аслӣ ин аст, ки нооромиҳои сиёсии миёни ҳизбҳо ба нооромиҳои байни қабилаӣ табдил наёбад. Эҳсосоти ҳамқабилаӣ дар Кениё то ҳол қавӣ ва мухарриб набуд, мисли ин ки дар кишварҳои дигари африқоӣ мушоҳида мешавад. Дар Кениё 40 қабила ба сар мебаранд ва ин танаввуъ то ҳол омили субот будааст. Ба ҳамин сабаб, Найробӣ ба маркази ширкатҳои хориҷӣ, шикатҳои ғайридавлатӣ ва СММ табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG