Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин набарди номзадҳои президентии Амрикo


Номзадшавандаҳои президентӣ аз Ҳизби демократи Иёлоти Муттаҳида. Аз рост, Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама.
Номзадшавандаҳои президентӣ аз Ҳизби демократи Иёлоти Муттаҳида. Аз рост, Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама.

Дар интихоботчаи аёлати Айова номзадҳои асосии интихоботи президентии Амрико аз ҳизбҳои сиёсӣ муайян мешаванд.

Наздик ба як сол аст, ки амрикоиён сабқати чанд орзуманди курсии раёсатҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаро мушоҳида мекунанд. 15 мард ва як зан аз ҳизбҳои Демократ ва Ҷумҳурихоҳ ҳанӯз номзади расмии аҳзоби худ нестанд, балки танҳо барои номзад шудан мубориза мебаранд. Панҷшанбеи саввуми январ аъзои қатории ин ду ҳизби асосии Амрико дар аёлати Айова аввалин шуда, пуштибонии худро аз ин ё он номзад баён медоранд. Сипас, ин ба истилоҳ, интихоботча дар аёалти Ню Ҳампшир идома мекунад. Аз ҳар ҳизб ду номзаде, ки раъйи бештарини ҳамҳизбиёни худро ба даст меоранд, дар анҷумани умумии ҳизбҳо бо ҳам сабқат мекунанд ва дар он анҷуман номзади ягона муайян мешавад.

Ин нахустин қадам ба сӯи Кохи Сафед аст...
Интихоботчаи, ба истилоҳ, Айова, аввалин қадам ба сӯи Кохи Сафед мебошад. Биноан ҳар яке аз муддаъиёни курсии раёсатҷумҳурии Амрико талоши зиёд мекунад, ки қадами нахустинаш устувор ва боварбахш бошад. Номзаде, ки дар Айова муваффақ нашуд, аз масир меафтад. Чунин аҳамияти таърихӣ масъулияти бузурги номзадҳоро талаб мекунад. Аз ин рӯ, онҳо ҳанӯз чанд моҳ пеш дар Айова ситодҳои худро таъсис дода, ҳар сари чанд вақт ба ин ҷо сафар мекунанд ва талош меварзанд, бо ҳар яке аз интихобкунандагон шахсан ошно шаванд, сӯҳбат кунанд, худро нишон диҳанд ва ба истилоҳ, дили ӯро ба даст оранд.

Бону Ҳилларӣ Клинтон бо мардуми Айова мисли як дӯсти ҷонӣ салом мекунад. Вай ба онҳо мегӯяд, бояд сиёсати Амрико тағйир ёбад, вагарна, баъд аз чанде шумо ин кишварро нахоҳед шинохт. Рақиби асосии ӯ, Барак Обама, ба модароне таъзим мекунад, ки писаронашонро дар ҷанги Ироқ аз даст додаанд ва ифтихор дорад, ки ба фарқ аз Ҳилларӣ барои оғози ин ҷанг дар Конгресс раъй надодааст. Барномаи демократи саввум Ҷон Эдвардс бештар ба умури дохилии Амрико нигаронида шудааст. Ҳамин гуна орзумандони президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, Ҷон Маккейн, Рудолф Ҷулианӣ, Майк Ҳакебӣ ва Митт Ромнӣ ҳар кадом бо сабки вижае таваҷҷӯҳи ҷумҳурихоҳони Айоваро ба худ ҷалб мекунад. Онгуна ки пешсафи онҳо Майк Ҳакебӣ на танҳо дар саҳна суруд мехонад, балки мисли як лашкаркаш аҳли Айоваро ба фатҳи Кохи Сафед даъват мекунад.

Орзумандони президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳи Иёлоти Муттаҳида.
Аҷобати интихоботчаи Айова дар ин аст, ки дар марҳилаи феълӣ номзадҳо бо ҳамҳизбиёни худ, "меҷанганд" ва онҳоро ҳадафи танқидҳои шадид қарор медиҳанд. Онгуна ки Ромнӣ Маккейнро танқид мекунад ва Ҷулианӣ Ҳакебиро. Ва онгуна ки дар байни демократҳо Клинтон Баракро мезанад ва Эдвардс Клинтонро. Монанди гаштакҳои зимистонӣ ё қушамеҳмониҳои рустоҳои Тоҷикистон, номзадҳо бо мубаллиғони худ дар хонаҳои мардум ё ресторану қаҳвахонаҳо маҳфил меороянд ва худро таблиғ мекунанд. Хулоса, нахустин қадам ба сӯи Кохи Cафед дар кӯчаҳои яхзада ва сармои сахти Аййова чандон осон нест. Аммо дар ин байн шояд масъулияти аз ҳама зиёд бар дӯши интихобкунандагони Айова аст. Онҳо худро дар назди миллати Амрико масъул медонанд, ки интихоби дурусте кунанд, то зери бори маломат намонанд. Биноан, дар рӯзҳои интихобчаи нахустин, ҳар сокини Айова метавонад, ба осонӣ ва ба хотири номзади писандидааш, ҳизбияти худро иваз кунад ва агар ҷумҳурихоҳ аст, демократ шаваду демократ аст, ҷумҳурихоҳ. Чунин анъанаи ба истилоҳ "рӯбинон"-и номзадҳои президентӣ дар ҳеч кишвари дигар вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG