Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози қимати тило дар бозори ҷаҳонӣ


Субҳи имрӯз қимати тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа боло рафт ва барои ҳар як 31 грамми он бештар аз 863 долларро ташкил дод. Аммо чанд соат баъдтар қимати тилло аз 863 доллару 11 сент то ба 861 доллару 57 сент коҳиш ёфт. Тило, ки ҳамеша ҳангоми бесуботии иқтисодҳо сармояи амн маҳсуб мешавад, бинобар поён рафтани қурби доллар, афзоиши қимати нафт ва ноамнӣ дар Покистон гаронтар шудааст.

XS
SM
MD
LG