Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

450 евро ҷарима барои сигоркашӣ дар тарабхона


Сар аз соли нави 2008 Фаронса, Олмон ва Португалия сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба вижа ресторанҳову тарабхонаҳоро манъ карданд.

Дар рӯзи якуми январ ин қарори ҳукуматҳо ба ваҷҳи умум иҷро нашуд, зеро қонун замоне ба ҳукми иҷро даромад, ки мардум фарорасии соли навро таҷлил менамуданд. Вале рӯзи чоршанбе муфаттишони вазоратҳои беҳдошт ва афсарони полис ба тафтиши иҷрои қонун шурӯъ кардаанд.

Ин ҷараён, ки соли 2004 дар Ирландия оғоз ёфта буд ва акнун саросари Иттиҳодияи Аврупоро фаро гирифтааст. Албатта мардони боҷасорат имрӯз ҳам метавонанд дар ресторанҳову тарабхонаҳои Фаронса сигарети худро оташ зананд. Вале акнун нархи оташ задани сигарет барои фарди сигареткаш аз 68 то 450 евро ва барои соҳиби маҳалл тахминан 750 евро нарх хоҳад дошт.

Вазири беҳдошти Фаронса Розелин Бачело гуфт, баъди афви якрӯза, ки бо ҷашни соли нав марбут буд, рӯзи чоршанбе наздик ба 200 ҳазор муфаттишони беҳдошт ҳамроҳ бо афсарони полис ва дигар мақомоти манфиатдор ба тафтиши ресторанҳо, тарабхонаҳо ва қиморхонаҳо баромадаанд.

Дар Фаронса манъи сигоркашӣ дар ҷои кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ 11 моҳ пеш оғоз ёфта буд. Акнун 13,5 миллион сигареткаши фаронсавӣ бояд анъанаи номатлубро канор гузоранд. Тибқи омори расмӣ соле тахминан 66 ҳазор фаронсавӣ аз бемориҳое ба ҳалокат мерасанд, ки сабаби он сигоркашист. Бар илова ҳар сол тақрибан 5 ҳазор фаронсавӣ, ки аслан сигарет намекашанд, аз дуди сигарети дигарон ва бемориҳои марбут бо он ба ҳалокат мерасанд.

Дар вилояти Саксонияи Поёни Олмон як ҷавони бистсола аз қаҳру ғазаб зарфи саршор аз пиворо дар сари соҳиби ресторан шикастааст. Умуман, дар Олмон тараҳҳуме ба мардуми сигареткаш эҳсос мешавад. Дар ин кишвар танзими гӯшаҳои хоси сигареткашҳо дар ресторанҳову тарабхонаҳо иҷозат дода шудааст.

Ҳукумати федералии Олмон ҳақ надорад, тиҷорати вилоятҳоро маҳдуд намояд. То кунун мақомоти марказии Олмон муваффақ шудаанд, ки манъи комили тамокукашӣ дар нақлиёт, яъне таксӣ, автобус, қатораҳои роҳи оҳан ва ҳавопаймоҳои саросари ин кишварро ҷорӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG