Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрон ба паноҳандагони афғон


Эрон ба паноҳандагони афғон ҳушдор додааст, ки дар ҳоли иқомати бидуни иҷозат дар Ҷумҳурии исломӣ онҳо боздошт ва ба мӯҳлати то 5 сол аз озодӣ маҳрум мешаванд.

Тоқӣ Қоимӣ раиси бахши хориҷиён ва муҳоҷирони хориҷӣ дар вазорати корҳои дохилии Эрон гуфтааст, ки феълан дар Эрон тахминан яку ним миллион паноҳандаи афғон ғайриқонунӣ иқомат дошта, тақрибан як миллион афғони дигар иҷозати расмии буду бош доранд.
XS
SM
MD
LG