Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон неругоҳи ҳастаии нав месозад


Эрон ба бунёди неругоҳи ҳастаии нав шурӯъ кард. Ба иттилоъи мақомоти кишвар, реактори ҳастаии неруяш 360 мегаватт дар шаҳри Дарҳован, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар аз сӯи мутахассисони эронӣ бунёд мешавад. Сохтмони неругоҳи нав таҳти назорати Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ қарор хоҳад дошт. Интизор меравад, ки бунёди он чаҳор-панҷ сол анҷом ёбад.

Айни ҳол дар шаҳри Бушеҳр омодагиҳо ба шурӯъи кори нахустин неругоҳи ҳастаӣ дар Эрон идома доранд. Дар бунёди ин неругоҳ мутахассисони Русия ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG