Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Қоида" иттиҳоми куштори Бҳутторо рад мекунад


Байтулло Мақсуд, яке аз раҳбарони созмони “Ал-Қоида” даст доштанаш дар куштори сарвазири пешини Покистон Беназир Бҳутторо рад мекунад. Изҳороти ӯ дар ин бора ахиран ба хабаргузориҳо расид. Қаблан мақомоти Покистон эълом доштанд, ки сӯиқасд ба ҷони хонум Бҳутто дар шаҳри Равалпиндӣ маҳз аз сӯи Байтулло Мақсуд тарҳрезӣ шудааст.

Раҳбарони ҳизби мардумии Покистон, ки сарварии онро Беназир Бҳутто бар ӯҳда дошт, мақомоти кишварро дар таъмини нокофии амнияти сарвазири пешин муттаҳам карданд. Бар асари нооромиҳои ба думболи куштори Бҳутто дар манотиқи гуногуни Покистон рухдода беш аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Покистон ҳанӯз дар бораи лағви интихоботи порлумонии рӯзи 8 январи соли 2008-ум тасмим нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG