Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳо дар Синд ва Карочии Покистон


Имрӯз Беназир Бҳутто, сарвазири собиқи Покистон ва раҳбари мухолифони давлати ин кишвар дар зодгоҳаш дар вилояти Синд ба хок супурда шуд. Вай дирӯз дар як ҳамлаи худкушона пас аз ҳамоиши интихоботии тарафдоронаш дар шаҳри Равалпиндӣ маҷрӯҳ шуда, дар бемористон даргузашт. Ҳамроҳи ӯ наздик ба 20 нафари дигар дар ин ҳамла кушта шуданд. Тибқи дастури ҳукумати Покистон, ки нооромкунандагони вазъ бояд дар ҷои воқеа муҷозот шаванд, имрӯз дар вилояти Синд 16 нафар кушта шуд. 23 нафари дигар дар ошӯбҳои Карочӣ ба ҳалокат расиданд, аз ҷумла 12 корманди полис. Артиши Покистон ба карочӣ ва дигар шаҳрҳо нирӯ фиристод, то авзоъро зери назорат бигирад. Президенти Покистон Парвиз Мушарраф мардуми кишварашро ба оромӣ ва решакан кардани терроризм даъват кард.
XS
SM
MD
LG