Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо нафар дар маросими видоъ бо Беназир Бҳутто иштирок карданд. Беназир Бҳутто дар паҳлӯи қабри падараш ба хок супурда шуд. Дар Покистон се рӯзи мотам эълон шудааст.

Тобути Беназир Бҳутто шаби гузашта бо ҳавопаймои низомӣ аз Равалпиндӣ ба зодгоҳи ӯ дар вилояти Синд оварда шуд.

Дар ҳамин ҳол, созмони террористии «ал-Қоида» масъулияти куштори Беназир Бҳутторо бар уҳда гирифтааст. Вале ин хабар то ҳол расман таъйид ва тавзеҳ нашудааст.

Беназир Бҳутто, собиқ сарвазири Покистон ва яке аз мухолифони аршади феълии Парвиз Мушарраф, шоми рӯзи панҷшанбе, 27 декабр, дар натиҷаи як таркиши даҳшатафканӣ дар Равалпиндӣ кушта шуд. Таркиш ҳангоми ҳамоиш дар ин шаҳр ба хотири дастгирӣ аз Беназир Бҳутто ба амал омад ва дасти кам 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳамзамон, тибқи иттилоъоти расида аз Покистон, куштори раҳбари мухолифин Беназир Бҳутто эътирозу нооромиҳои мардумиро дар ин кишвар ба бор овардааст. Бино ба ахбори хабаргузориҳо, дар натиҷаи эътирозу бетартибиҳо дар манотиқи мухталифи Покистон шаби гузашта 11 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷонибдорони бахашмомадаи Беназир Бҳутто садҳо мошинҳо, пулисхонаҳо ва бонкҳову мағозаҳоро сузондаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Покистон гуфтаанд, таърихи интихоботи порлумонии ҳаштуми январ тағйир дода нахоҳад шуд. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, онҳо дар ин маврид бо аҳоби дигар машварат хоҳанд кард. Навоз Шариф, яке аз дигар раҳбарони мухолифин гуфтааст, ҳизби ӯ ба нишони посухи эътирозӣ ба ҳамлаи дирӯза дар Равалпиндӣ интихоботро таҳрим хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG