Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таввалуд дар ҳавопаймои Тоҷикистон


Дар ширкати ҳавоии Тоҷикистон дар остонаи соли нави масеҳӣ ҳодисаи ғайримуқаррарие рух додааст. Ҳангоми бозгашти ҳавопаймои мусофирбар аз шаҳри Санкт Петербург ба Душанбе, як бонуи ҷавони тоҷик бо номи Умеда Фозилова фарзанд ба дунё овардааст. Ба иттилоъи хабаргузориҳо ду ходими ҳавопаймо нақши момодояро иҷро кардаанд ва ба гуфтаи табибон, аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ баромадаанд. Фарзанду модарро баъди нишастани ҳавопаймо ба бемористон бурдаанд ва вазъи сиҳатии ҳардуи онҳо хуб будааст.

XS
SM
MD
LG