Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҷазои сахти додгоҳи Суғд ба се нафар

Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон се узви Ҳаракати Исломии Узбакистонро, ки шомили феҳрасти созмонҳои терористист, барои муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кард. Намояндаи додгоҳи вилоят гуфт, ҳар се нафар сокинони ноҳияи Исфара мебошанд. Идрисхон Олимов 17 сол ва ду нафари дигар Зафар Сангинов ва Абдувакил Охунов 10 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳ онҳоро ба терроризм, узвият дар гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ дар Тоҷикистон гунаҳкор донистааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ду ҳавопаймо аз Кувайт ёриҳои тиббӣ ва 12 шаҳрванди Тоҷикистонро овард. ВИДЕО

Шоми 5-уми июн ду ҳавопаймо ёриҳои тиббии Кувайт ва 12 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе овард.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ин 12 нафар, ки дар Кувайт кору зиндагӣ мекарданд, ба ватан баргашта, ба карантин фиристода мешаванд.

Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар маҷмуъ ин ду ҳавопаймо зиёда аз 27 тонна бор, аз ҷумла, дастгоҳҳои рентген, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи томографӣ ва васоили дигарро овардааст. Ин ёриҳо бо ташаббуси “як соҳибкори сарватманди кувайтӣ ба табибони тоҷик” аст ва қарор аст дар ояндаи наздик ҳам боз қисми дигари он ворид шавад.

Дар маҷмӯъ дар замони пандемияи коронавирус аз Кувайт ба Тоҷикистон ду дафъа кумак ирсол шудааст. Кумаки аввал аз либоси ҳифозатӣ барои табибон иборат буд, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ ба Тоҷикистон расид.

Омори расмӣ: 81 нафари дигар бемор шуд, талафот нест. Инфографика

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта 81 мавриди нави гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро сабт кардааст. Ба иттилои ин ниҳод давоми 24 соати ахир дар кишвар ҳеч кас аз COVID-19 нафавтидааст.

Тибқи омори мақомоти тоҷик, то имрӯз коронавирус ба 4370 нафар сироят карда, 2491 ё 57 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.

Мақомот мегӯянд, аз замони эътирофи мавҷудияти бемории ҳамагир 48 нафар фавтидаанд.

Аммо аз оғоз то имрӯз шубҳаву гумонҳо ба омори нашркардаи мақомот зиёд аст. Бархе мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, омори воқеии гирифторӣ ва маргумир аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон бештар аз рақамҳои нашркардаи мақомот аст.

Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи 410 нафарро дарҷ кардаанд. Мақомот ин феҳрастро эътироф намекунанд ва дастрасӣ ба онро дар ҳудуди кишвар масдуд кардаанд.

Тайи як ҳафтаи ахир мақомот аз кам шудани гирифторӣ ба бемории COVID-19 хабар медиҳанд, аммо ҳамзамон ба сокинон ҳушдор додаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя кунанд. Ба таъкиди мақомот, аҳолӣ бе ниқобҳои муҳофизатӣ бояд аз хона набароянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи байниҳамдигарро риоя кунанд ва бидуни зарурат ба Душанбе сафар накунанд. Вагарна ба таъкиди мақомот сар задани мавҷи дуюми беморӣ аз эҳтимол дур нест.

Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавируси нав ба кишвар сироят кардааст, ҳарчанд бо назардошти фавти чандин нафар аз бемории, ба гуфтаи мақомот, "илтиҳоби шуш" мутахассисон мегуфтанд, беморӣ вуҷуд дорад.

Кӯмаки ИА ба офатзадаҳои Бохтару Хуросон: аз асбоби маишӣ то як миқдор пул

Акс аз вебсайти https://eeas.europa.eu/

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 5 июн гуфт, ки ба сокинони осебдида аз обхезиҳои шадиди ахир дар ҷануби Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ тақдим кардааст. Кӯмакҳо дар ҳаҷми 80 ҳазор евро ба 1700 сокини осебдида дар ноҳияҳои Бохтар ва Хуросони вилояти Хатлон расонида мешавад. Дар иттилоия гуфта шудааст, ки кӯмакҳо тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба шакли “ашёҳои таомпазӣ ва асбобҳои маишӣ аз ҷумла, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, камбал, рахти хоб, сатил ва тентҳои пластикӣ” тақдим шуд. Инчунин ба оилаҳое, ки “хонаҳои онҳо пурра хароб шудаанд ё зиёни ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт мешавад”.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, маблағгузорӣ қисман саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар рӯзҳои 14-16 май боронҳои пайдарпай боиси силсилаи обхезиҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шуданд, ки ба беш аз 2600 нафар зиён расонда ва тақрибан 1000 хонаро хароб намуд, ки бештари онҳо пурра хароб шуданд.

Facebook ҳувияти матбуоти давлатии Русия, Чин ва Эронро ишора мекунад

Фейсбук як шабакаи маъруфи иҷтимоӣ аст, ки аз он дар баробари корбарони оддӣ матбуоти мухталиф ҳам дар таблиғи кораш истифода мекунад

Facebook гуфт, ки ишораи давлатӣ будани расонаҳои хабарии мисли “Спутник”-и Русия, Press TV-и Эрон ё Xinjiang News-и Чин шурӯъ кардааст, то ки, ба гуфтааш, маълум шавад, ки маводи нашркардаи онҳо ҳамчун матолиби давлатӣ хонда шавад. Дар бораи ин нақшааш шабакаи иҷтимоӣ ҳанӯз моҳи октябри порсол эълон карда буд, вале амалан аз 4 июн ба иҷрои ин тасмимаш шурӯъ кардааст.

Facebook гуфт, ки чунин тасмим бо ҳадафи шаффофият дар кори ин ноширон карда мешавад, то ки таҳти стратегияи давлатӣ пешкаш шудани маводи нашаротии онҳо барои корбарони шабакаҳо аён шавад. Дар оғоз 200 саҳифаи матбуоти мухталиф дар ин шабака бо чунин ишора фаро гирифта мешаванд. Масалан, дар бахши “Шаффофияти саҳифа”-и “Спутник” омадааст: “Ношир қисман ваё пурра таҳти назорати таҳририяи давлатӣ қарор дорад”.

Натаниел Глейчер, мудири масоили амнияти интернетии Facebook дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфтааст, бо сабаби дар сиёсати таҳририя мустақил будани расонаҳои давлатии амрикоӣ чунин тасмим дар нисбати матбуоти хабаррасони воқеъ дар ИМА татбиқ намешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳибкорон ва аҳолӣ сабукиҳо дод

Президент Раҳмон дар маросими боз шудани коллеҷи тиббии Бохтар, 28 майи соли 2020

Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва ҳам аҳолӣ сабукӣ дод.

Аз ҷумла иншооти соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкороне, ки дар бозорҳо кор мекунанд, панҷ моҳи оянда аз андоз озод шуданд. Ҳаҷми андоз аз пасандозҳои аҳолӣ барои ним соли оянда аз 12 ба 6 дарсад поин омад ва нақшаи боло бурдани нархи обу барқ, алоқа ва хадамоти коммуналӣ то охири сол ба таъхир гузошта шуд. Корхонаҳо ҳамчунин баро дер пардохтан\ми андоз ҷарима нахоҳанд шуд.

Ҳамчунин аҳолии кишвар аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 аз андози моликияти ғайриманқул озод гашта, аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, дорувор ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод хоҳад буд.

Қарори додани сабукӣ баъд аз ду моҳи эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар кишвар ва дар пайи интиқодҳое қабул шуд, ки мегуфтанд мақомот ба вазъи соҳибкорон дар шароити буҳрон, гаронии хадамот ва дарсадҳои бонкӣ таваҷҷуҳ намекунанд.

Дар остонаи интихоботи президентӣ Лукашенка нахуствазири навро муаррифӣ кард

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенка аз соли 1994 дар сари қудрат аст ва интизор меравад, ки дар интихоботи 9 август пирӯз эълон мешавад

Ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Беларус, Аляксандр Лукашенка собиқ масъули умури саноати дифоии кишварро ба ҳайси нахуствазири нави ин кишвар муаррифӣ кард. Роман Головченко 46 сол дошта дар гузашта дар вазифаҳои дипломатӣ кор кардааст, раиси кумитаи давлатии саноати низомӣ буд. Ду рӯз пеш Лукашенка аъзои ҳукумат ба раҳбарии Сергей Румасро баъди ду соли кор ба истеъфо фиристод. Таъини шахсе бо собиқаи кор дар бахши низомиро бархе ҳамчун талоши Лукашенкаи 65-сола барои мустаҳкамтар кардани қудрат дар оянда арзёбӣ мекунанд. Бовар меравад, ки ӯ дар интихоботи навбатӣ бори шашум пирӯз эълон мешавад. Лукашенкаро дар Ғарб ҳамчун “диктатори охирин дар Аврупо” ёд мекунанд, чун ӯ бо таҳаммули бисёр камаш нисбати мунаққидон, матбуоти озод ва мухолифон маъруф аст. То ҳол ҳеҷ як интихоботи президентӣ дар Беларус баъди соли 1994 ҳамчун ҷавобгӯи меъёрҳои интихоботи озоду шаффоф арзёбӣ нашудааст.

Амрикои Лотинӣ маркази нави пандемияи коронавирус шуд

Гулфурӯше дар шаҳри Сан-Бартоломе-Куауихматлак, Мексика


Паҳншавии коронавирус дар қораи Амрико идома дорад ва Бразилияву Мексика дар 24 соати гузашта шумори бештарини талафоти инсонҳо бар асари вируси навро ба қайд гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол дар ИМА ҳам ҳодисаҳои нави олудашавӣ ва марг боиси болоравии омор гардид, дар ҳоле ки тадбирҳои сабуккунии маҳдудиятҳо ва ҳам намоишҳои серҷамъияти эътирозиву хушунатҳо хатари паҳншавии бештари коронавирусро ҷиддитар мекунад. Амрикои Лотинӣ маркази нави пандемияи коронавирус шуд. Дар ин ҷо мақомоти беҳдоштӣ аз боз кардани тиҷорату иқтисод ҳамчун хатари амиқрафти бӯҳрони беҳдоштӣ ҳушдор медиҳанд. Дар феҳристи қурбониҳои 4 июн Бразилия пеш гузашта Итолиё сеюм шуд, чун дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ бо аҳолии 210 миллион нафар дар 24 соати гузашта марги 1473 нафар тасдиқ шуд. Дар Бразилия то ҳол бар асари COVID-19 дар маҷмӯъ 34021 нафар даргузашт ва дар рӯйхати шумори қурбониҳо исми ин кишварро баъди ИМА ва Бритониё қарор дод.
Рӯзи 4 июн зимни суханронӣ дар назди аъзои кумитаи Конгресс раиси Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо Роберт Редфилд гуфт, аз он нигарон аст, ки муроҷиати ин ниҳод ба мардум дар бораи муҳим будани ниқобпӯшиву риояи фосилаи иҷтимоии байни инсонҳо дар ҷомеа дуруст иҷро намешавад ва дар шароити азсаргирии кори тиҷорату иқтисод ҳодисаҳои нави олудагӣ ба беморӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Редфилд дар ҳамовозӣ бо дигар мақомоти беҳдоштии ИМА гуфт, ки таҷаммӯъ ва эътирозҳои сартосарӣ барои пайдоиши ҳодисаҳои нави олудагӣ заминагузорӣ мекунанд ва бахусус чунин хатар дар шаҳрҳое, ки бо ҳаҷми зиёди бемориҳо рӯбарӯ шудаанд, хатарнок аст. Дар 24 соати гузашта дар ИМА 1021 ҳодисаи нави марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва то 4 июн шумори куллии фавтидаҳо дар ин кишвар 108120 нафарро ташкил дод.

ИМА барои муқобила бо вирус дар Тоҷикистон $2,6 миллиони дигар ҷудо мекунад. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Амрико барои муқобила бо коронавируси нав ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллари дигар ҷудо мекунад.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн гуфт, бастаи нави кумакҳои Иёлоти Муттаҳида давоми дувоздаҳ моҳи оянда тавассути Оҷонси Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оқохон дастрас мешаванд.

Ин кумакҳо "ёрӣ ба беморони вазнин, ташкили ҷойҳои корӣ, дастгирии қишри эҳтиёҷманд бо хӯрок, кам кардани паҳншавии вирус"-ро дар бар мегиранд.

Амрико пеш аз ин дар ду маврид ба Тоҷикистон беш аз дуним миллион доллар кумак карда буд. Ҳоло саҳмаш барои муқобила бо бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ба зиёда аз 5 миллион доллар расид.

Чанде аз кишвару созмонҳои дигари хориҷӣ низ ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 миллионҳо доллар кумак карданд. Ёрии баъзе аз давлатҳо аз тестҳои санҷиши беморӣ, хӯрокворӣ, дору ва либосҳои муҳофизатӣ иборат аст.

Бино ба иттилое, ки то ҳоло расонаӣ шудааст,​ Олмон 1 миллион евро, ​Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар​, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, Иттиҳоди Аврупо 48 миллион евро, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид 600 ҳазор доллар ва​ Русияву Чин беш аз 20 ҳазор донаӣ тест ё маводи санҷиши коронавирус додаанд. ​

Сандуқи Байналмилалии Пул 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз дод. ​Дар суратҳисоби вижаи COVID-19 дар Вазорати молия низ беш аз 11 миллион сомонӣ хайрияи сокинон ҷамъ шудааст.

Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳамвора аз шеваи тақсими кумакҳои башардӯстона норозиянд.

Кӣ ба Тоҷикистон чӣ кумак кард?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Дар маросими ёдбуди Ҷорҷ Флойд кашиш гуфт, “мо муборизаро идома медиҳем”

Ҷейкоб Фрей, шаҳрдори Миннеаполис дар маросими поси хотири Ҷорҷ Флойд ширкат кард. 4 июни соли 2020

Фаъолони ҳуқуқи башар, сиёсатмадорон ва дигар шахсиятҳои маъруф рӯзи 4 июн дар аввалин маросими ёдбуди Ҷорҷ Флойд, амрикоии 46-солаи африқоитабор иштирок карданд. Флойд аз дасти полиси сиёҳпӯст ба ҳалокат расид ва ин ҳодиса дар саросари ИМА эътирозҳо аз нобаробарии нажодиро ба бор овард. Кашиш ва як фаъоли ҳуқуқи башар Ал Шарптон дар маросими ёдбуди Миннеаполис гуфт, Флойд “ҷаҳонро тағйир дод” ва афзуд, вақти он расид, ки масоили марбут ба сиёсат ва масъулиятшиносӣ дар низоми адолати ҷиноӣ ҳалли худро ёбад. Шарптон гуфт, “мо муборизаро идома медиҳем”. Баъди марги Флойд дар таърихи 25 май дар Миннеаполис давоми беш аз як ҳафта аст, ки дар саросари кишвар намоишҳои сулҳомези эътирозӣ ва ҳам хушунатҳо идома дорад. Хашми мардум аз он ҷо боло гирифт, ки афсари сафедпӯст Дерек Чаувин бо зонуяш аз пушти гардани Флойд ӯро ба замин пахш карда бо вуҷуди илтиҷоҳои ӯ, раҳм накард. Дар маросими ёдбуди Флойд ширкатдорон расо 8 дақиқаву 46 сония хомӯш истоданд, ин ҳамон вақте буд, ки афсари полис Флойдро ба замин пахш кард ва дар натиҷа ӯ даргузашт. Дар маросими мазкур чанд узви Конгресс, инчунин репсароҳову ҳунармандони маъруфи амрикоии африқоитабор ҳам иштирок карданд. Қарор аст ба ёдбуди Флойд дар Каролинаи Шимолӣ ва Ҳюстони Техас ҳам ду маросими дигар баргузор шавад.

Орипов бо вуҷуди эътирози сокинон ба кори раиси вилояти Фарғона баҳои баланд дод

Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Узбекистон.

Дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбекистон 3 июн ҷаласаи ғайринавбатии аъзои маҷлиси ноҳиявӣ баргузор шуд. Сарвазири Узбекистон Абдуллоҳ Орипов, ки дар он ҳузур дошт, ба фаъолияти раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев баҳои баланд дод.

"Раҳбарони ниҳодҳои дахлдор бо дастури бевоситаи президент барои омӯзиши вазъ зери раҳбарии ман ба инҷо омаданд. Раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ва раҳбарони дигар, ки ба инҷо омаданд, пеш аз ҳама нагузоштанд, то вазъ печидатар шавад. Қадр кардани сулҳ хушбахтии бузург аст",-изҳор дошт Орипов дар ҷаласаи маҷлис.

31 май миёни сокинони деҳаи Чашмаи Сӯх ва деҳаи Чечми вилояти Бодканди Қирғизистон бар сари оби чашмае низоъ рух дод. Дар натиҷа задухурд аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуданд.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоии узбекӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад сокинони Сӯх ба самти раиси вилояти Фарғона ва раиси пешини ноҳияи Сӯх санг ҳаво медиҳад.

Дар пайи ин задухӯрд сарвазири Узбекистон 1 июн бо сокинони Сӯх мулоқот кард, ки дар он аз раиси ҳукумати ин кишвар барканории раиси вилояти Фарғона талаб шуд. Сокинон гуфтанд, ки дигар ба ӯ бовар надоранд. Худи Ғаниев дар мулоқот бо сокинони Сӯх ба зиндонӣ кардани 74 ҷавон ва хат задани деҳаи ҷанҷолӣ аз харитаи ноҳия таҳдид кард.

Вазири тандурустии Қазоқистон аз сокинон хост, ба тазоҳурот набароянд

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов 4 июн дар нишасти хабарии онлайнӣ аз сокинони ин кишвар даъват кард, ки дар давраи ҳамагир шудани коронавирус дар эътирозҳои оммавӣ иштирок накунанд.

Елжан Биртанов гуфт, дар ин вазъ баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст, зеро таҷаммуи одамон ба паҳн шудани вирус мусоидат мекунад.

"Бояд талаботи қонунгузориро риоя кард ва гуш додан ба суханҳои сардухтури беҳдоштӣ дар давраи паҳн шудани коронавирус дар Қазоқистон ҳатмӣ аст. Барои нақзи талабот ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Аз созмондиҳандагон хоҳиш мекунам, ки чунин чорабиниҳоро ба вақти дигар гузоранд", - афзуд ӯ.

Ду гуруҳи мухолиф - ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов ва гуруҳи ташаббускор барои таъсиси Ҳизби демократии нав дар Қазоқистон бо раҳбарии рӯзноманигору фаъоли маданӣ Жанболат Мамай аз сокинон даъват карданд, ки 6 июн ба нишони эътироз ба кӯча бароянд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ пештар нигаронӣ карданд, ки мақомоти қазоқ аз карантин сӯистифода карда, ҳуқуқу озодиҳои сокинонро маҳдуд ва фишор ба фаъолонро бештар мекунанд.

Талаби 20 соли зиндон барои сарвазири пешини Қирғизистон

Айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаи қонуншиканиҳо ҳангоми бозсозии Осорхонаи шаҳри Бишкек ва сохтмони ипподром дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон барои сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқов 20 соли зиндон талаб кард.

Додситон ҳамчунин хост, Исҳоқов 247 миллион сом (беш аз 3,3 миллион доллар) ҷарима шавад. Аз додрас хоста шуд, ки сардори пешини шуъбаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Мир Қорибоев танҳо ҷарима супорад.

Вакили дифоъ Боқид Автандил уулу ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, банди айбдории Қорибоев иваз шуд. "Барои Исҳоқов бо назардошти ҳукмаш дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек 20 сол талаб шуд. Қорибоевро дар аввал ба фасодкорӣ айбдор мекарданд. Ҳоло ӯ ба сӯистифода аз мақом айбдор аст. Аз додрас хостанд, ки вайро 3,5 ҳазор доллар ҷарима кунад. Ба назари мо, парванда ангезаи сиёсӣ дорад. Зеро Исҳоқов зидди президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков баромада буд", - афзуд вакил.

Ба огаҳии Додситонии кулли Қирғизистон, дар натиҷаи қонуншиканиҳо ҳангоми бозсозии Осорхонаи Бишкек давлат ба маблағи 101,6 млн сом (беш аз 1,3 млн доллар) зарар дидааст. Ин парванда бо қонуншиканиҳо дар бунёди ипподром якҷоя карда шудааст.

Дар доираи парвандаҳои мазкур зидди шаш нафар айб эълон шудааст. Дар миёни онҳо сарвазири пешин Сафар Исҳоқов ва сардори пешини шуъбаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Мир Қорибоев ҳастанд.

Додгоҳи ноҳияи Свердлови Бишкек моҳи декабри соли 2019 Исҳоқовро дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек 15 сол зиндонӣ карда буд.

Афсари пешини амрикоӣ баъди ду соли зиндон Эронро тарк кард

Майкл Вайт бо модараш

Президенти Амрико гуфт, афсари пешини нирӯҳои баҳрии кишвараш Майкл Вайт, ки дар Эрон боздошту зиндонӣ шуда буд, он кишварро тарк кард ва ба зудӣ ба дидори наздиконаш мерасад. Доналд Трамп рӯзи 4-уми июн дар Твиттер навишт, "Вайт дар ҳавопаймои Швейтсария аст".

Майкл Вайтро соли 2018 дар Эрон бо иттиҳоми "тавҳин" ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва нашри акси хусусӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум карданд. Вай дар пайи густариши бемории коронавируси нав ба сафорати Швейтсария дар Теҳрон интиқол ёфта буд.

Лукашенко аз ошӯби Андиҷон ва ворид шудани Э.Раҳмон ба Душанбе ёд овард. САДО

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, рӯзи 4-уми июн дар ҷаласаи бахшида ба таъйини ҳукумати нав дар кишвараш гуфт, Беларус ягона кишвари Шӯравии собиқ аст, ки шоҳиди хунрезӣ нашуд. Вай барои тақвияти суханҳояш даргириҳои Украинаву ошӯби Андиҷон ва ҷанги солҳои 90-и Тоҷикистонро намуна овард.

Ба қавли хадамоти матбуоти президенти Беларус, Лукашенко гуфтааст, яке аз дастовардҳои муҳими кишвараш сулҳу субот аст, аммо ҳамзамон гила карда, ки баъзеҳо инро фаромӯш мекунанд.

Вай гуфтааст: "Баъзе аз мардум меандешанд, Украинае, ки вайрон карданд ва дар онҷо ҷанг меравад ва қаламравашро хурд карданд, аз мо дур аст. Молдовае, ки ба Приднестрове ва қисмати ғарбӣ тақсим карданд, аз мо дуртар қарор дорад. Фаромӯш кардаанд, ки чӣ гуна дар Литва дар замони Горбачев барои ҳифзи истиқлол ва ҳокимият ҷангиданд. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки Қафқоз то ҳанӯз месӯзад, арманиҳо бо озарбойҷониҳо меҷанганд ва ба созиш расида на метавонанд. Аз ёд бурдаанд, ки Гурҷистон қариб сеяки қаламравашро аз даст дод, аввал Абхозистонро ва сипас Осетияи Ҷанубиро. Ниҳоят касе намедонад, ки рафиқи ман Раҳмон бо пулемёт ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ворид шуд, то тартиботро барқарор кунад, чӣ қадар одам дар онҷо кушта шуд, онҳо чӣ гуна бо ришдорон ҷангиданд. Фаромӯш кардаанд, ки президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов ошӯби Андиҷонро пахш кард ва ҳазорҳо касро тирборон намуд. Ҳама ӯро муҳокима карданд, аммо вақте даргузашт, ба зону зада, гиря карданд. Мо ин марҳилаҳоро нагузаштаем ва барои ҳамин баъзе инро фаҳмидан намехоҳанд, вале мо хотирнишон мекунем."

Лукашенко: Фаромӯш кардаанд, ки...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
Линки мустақим

Президенти Беларус Александр Лукашенко ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод ва ҳайати навро таъин кард. Интихоботи президентӣ рӯзи 9-уми август сурат хоҳад гирифт. Интизор меравад, Лукашенкои 65-сола бори шашум дар овоздиҳӣ иштирок кунад.

Вай рӯзи чаҳоруми июн гуфт, Беларусро ба касе доданӣ нест, чун, ба гуфтааш, "барои он ки таҳқираш кунанд? Барои онки ҳар рӯз бесубот намоянд ва пора-пора карда, ба каси дигар бидиҳанд? Ман мехоҳам, ҳама инро бишнаванд."

Аз ин пеш, рӯзи 1-уми июн, Александр Лукашенко дар суҳбат бо раҳбари Кумитаи амният Валерий Вакулчик гуфта буд, ба ташкили майдон иҷозат намедиҳанд ва агар зарур аст тани танҳо ба зидди ба гуфтаи ӯ гуруҳҳои ҷиноӣ меҷангад. Ҳарчанд афзуд, "дар ин кишвар ба қадри зарурӣ рутбадороне ҳастанд, ки аз уҳдаи ҳимояти сарзамини худ мебароянд".

Александр Лукашенко, ки бештар бо номи "диктатори охирини Аврупо" машҳур аст, 26 сол боз ҷилави қудратро дар Беларус ба даст дорад. Ҳеч як интихобот аз замони ба қудрат расидани ӯ мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи шаффофу демократӣ эътироф нашудааст.

Соли 2004 дар Беларус маҳдудият дар ширкати номзади интихоботи президентӣ бардошта шуд.

Мунтақидон мегӯянд, Лукашенко ва ҳукумати ӯ дар тамоми ин солҳо нисбат ба дигарандешон таҳаммули кам нишон додааст. Моҳи гузашта Human Rights Watch ҳукумати Беларусро барои саркӯби эътирозгарон, блогнависҳои мухолифи ҳукумат, журналистон ва дигар мунтақидон ва ҳам барои “мавҷи нави боздоштҳои худсарона” интиқод кард.​

98 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон. Инфографика

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки давоми шабонарӯзи гузашта 98 мавриди дигари гирифторӣ ба бемории СОVID-19-ро сабт карданд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, давоми 24 соати ахир дар кишвар ҳеч кас аз COVID-19 нафавтидааст.

Вазорати тандурустӣ шоми 4-уми июн бо нашри иттилоия эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 202 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ҳамакнун 1418 нафари дигар зери муроқибати табибон қарор доштаанд.

Ин вазорат шумораи умумии гирифторон ба коронавирусро дар кишвар 4289 нафар эълон кардааст, ки то кунун 2401 ё 56 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, аз замони эътирофи беморӣ 48 нафар аз коронавируси нав ҷон бохтаанд.

Аммо мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва маргумир аз СОVID-19 дар Тоҷикистон зиёд аст ва мақомот ҳақиқатро дар бораи беморӣ пинҳон медоранд.

Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи беш аз 400 нафарро дарҷ кардаанд.

Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавируси нав ба кишвар сироят кардааст, ҳарчанд бо назардошти фавти чандин нафар аз бемории, ба гуфтаи мақомот, "илтиҳоби шуш" мутахассисон мегуфтанд, беморӣ вуҷуд дорад.

Баъди радду бадалҳо бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳе аз мутахассисони созмонро ба Душанбе даъват кард. Пеш аз вуруди ҳайат ба кишвар дар рӯзи 30-юми апрел Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки "15 мавриди сирояти СОVID-19" дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Дар ҳамла ба кӯдакистоне дар Чин 39 нафар, аксар кӯдакон маҷрӯҳ шуданд

Октябри соли 2018 ҳам дар як ҳодиса зане бо корди ошхона ба кӯдакони кӯдакистоне дар Чонгквинги Чин ҳамла карда буд.

Дар як ҳамла бо корд ба кӯдакистоне дар ҷануби Чин рӯзи 4 июн дастикам 39 нафар, аксар кӯдакон ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти ноҳияи Кангвуи вилояти Гуансӣ гуфтанд, ки дар ҳамла 37 кӯдак ва ду калонсол маҷрӯҳ шуданд. Матбуоти давлатӣ хабар дод, ки ин ҳамла кори дасти нигаҳбони ҳамин кӯдакистон Лии 50-сола мебошад. Сабаби даст ба ин кор задани мард феълан маълум нест, вале ӯ аллакай дар боздошт аст. Телевизиони давлатӣ гуфт, ки дар ин ҳамла 40 нафар маҷрӯҳ шуданд, аз ҷумла се нафар – мудири кӯдакистон, як муҳофизи дигар ва як кӯдак дар ҳолати сангин қарор доранд. Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки кӯдакони осебдидаро баъди ёрии тиббӣ аз беморхона издиҳоми калони мардум пешвоз мегирад.

Ҳукми додгоҳи таҷдиди назари Париж дар робита бо маблағгузори наслкушиҳои Руанда

Беш аз 20 сол Фелисиен Кабуга дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буд ва танҳо имсол дар Фаронса пайдо ва боздошт шуд

Додгоҳи таҷдиди назар дар Париж рӯзи 3 июн амр дод, ки гумонбар дар наслкушиҳои Руанда Фелисиен Кабуга ба додгоҳи байналмилалӣ таслим шавад. Додситонҳои СММ Кабугаро дар маблағгузории наслкушии 800 ҳазор намояндаи қавми тутси бо дасти ниманизомиёни ҳутӣ ва ҳам қатли ҳутиҳои мӯътадил дар Руанда дар соли 1994 гунаҳгор мекунанд. Ӯ аз рӯи моддаҳои наслкушӣ, ҳамдастӣ дар наслкушӣ, таъқиб ва решаканкунӣ гумонбар мешавад. Вакили дифои Кабуга дар мурофиа гуфт, ки зерҳимояи 84-солааш бояд бо назардошти синну сули зиёд, саломатии бад ва якҷониба будани додгоҳҳои байналмилалӣ дар Фаронса муҳокима шавад. Додраси додгоҳи Гаага ҳафтаи гузашта гуфт, ки мурофиаи Кабуга дар додгоҳи байналмилалии Танзания бар асоси Муқаррароти додгоҳҳои байналмилалии СММ ҷараён хоҳад гирифт. Ин додгоҳ дар Гаага ҷойгир аст ва намояндагии он дар шаҳри Арушаи Танзания амал мекунад. Баъди ин ҳукм вакили дифои Кабуга гуфт, ки онҳо аз болои ҳукми истирдоди ӯ шикоят мекунанд. Давоми 20 соли ахир Кабуга дар фирор буд ва танҳо моҳи май полис мушаххас кард, ки ӯ дар канораҳои Париж бо исми дигари дурӯғин панаҳ мебарад. Кабуга як соҳибкори сарватманд буд ва дар баробари иттиҳомоти дигар ӯро дар таҳрики наслкушӣ тавассути радиои хусусиаш дар Руанда гунаҳгор мекунанд

Маросими ёдбуди Флойд ва иттиҳоми дигар афсарони полис дар куштори ӯ

Афсари полиси Миннеаполис Дерек Чаувин дар куштори дараҷаи ду гумонӣар мешавад, ки то 40 соли зиндонро пешбинӣ мекунад

Дар остонаи баргузории маросими ёдбуди Ҷорҷ Флойди 46-сола, амрикоии африқоитаборе, ки ба ҳангоми боздошташ аз ҷониби ходимони сафедпӯсти полис кушта шуд, дар саросари ИМА намоишҳои эътирозӣ алайҳи нажодпарастӣ ва озори полис идома меёбад. Қарор аст аввалин маросиме аз се маъракаи ёдбуди Флойд рӯзи 4 июн дар Миннеаполис баргузор шавад ва дар он Реверенд Ал Шарптон, як раҳбарии ҳаракати ҳуқуқи инсон суханронӣ мекунад. Як рӯз баъди намоишҳои ҳамраъйӣ бо эътирозагрон дар Амрико, ки дар Лондону Париж баргузор шуд, қарор аст дар назди сафорати ИМА дар Варшава ва Вена ҳам намоише бар зидди нажодпарастӣ ташкил шавад. Ахиран мавҷи эътирозҳо дар ИМА каме хомӯш шуд, чун дар Миннесота се афсари дигари полис барои куштори Флойд ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар нисбати гумонбари асосӣ Дерек Чаувин иттиҳоми аз қабл сангинтар ворид шудааст. Кейт Эллисон, додситони кулли Миннесота рӯзи 3 июн гуфт, ки се афсари дигари полис барои кӯмак дар куштори дараҷаи ду гумонбар ва боздошт шуданд. Парвандаи Чаувин сангинтар шуд. Додситонҳо ӯро дар он мутаҳҳам мекунанд, ки рӯзи 25 май дар Миннеаполис ин афсар зонуяшро дар пушти гардани Флойд то мурданаш пахш кард. Чаувин дар рӯбарӯи иттиҳоми марбут ба куштори дараҷаи ду қарор дорад ва ин иттиҳом то 40 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Қаблан ӯро аз рӯи моддаи куштори дараҷаи се ба ҷавобгарӣ кашида буданд ва ин модда то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Лукашенка ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукуматро ба истеъфо фиристод

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенка

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенка ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукуматро ба истеъфо фиристод. Дар ин бора рӯзи 3 июн телевизиони давлатии Беларус хабар дод. Интихобот рӯзи 9 август баргузор мешавад ва интизор меравад, ки Лукашенкаи 65-сола бори шашум дар овоздиҳӣ пирӯз эълон мешавад. Ҳеҷ як интихобот дар Беларус баъди соли 1994, замони сари қудрат омадани Лукашенка, мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи шаффофу демократӣ эътироф нашудааст. Соли 2004 дар Беларус маҳдудият дар ширкати номзади интихоботи президентӣ бардошта шуд. Мунаққидон мегӯянд, ки Лукашенка ва ҳукумати ӯ дар тамоми ин солҳо нисбат ба дигарандешон таҳаммули кам нишон додааст. Моҳи гузашта Human Rights Watch ҳукумати Беларусро барои саркӯби эътирозгарон, блогнависҳои мухолифи ҳукумат, журналистон ва дигар мунаққидон ва ҳам барои “мавҷи нави боздоштҳои худсарона” интиқод кард.

Маросими гиромидошти кушторҳои соли 1989 дар Тянанмин онлайнӣ барпо мешавад

4 июни соли 2020. Донишҷӯён “Сутуни шарм”-ро дар Ҳонгконг тоза мекунанд. Ин муҷассамаи меъмори даниягӣ Йенс Галшиот ба ёди қурбониҳои кушторҳо дар майдони Тянанмини Пекин дар соли 1989 эҷод шудааст.

Рӯзи 4 июн фаъолони демократӣ ва ҳомии ҳуқуқ дар саросари Ҳонгконг кушторҳои ҷамъии мардум дар майдони Тянанминро дар соли 1989 гиромӣ хоҳанд дошт. Нахустин бор дар 31 соли охир маъракаҳои асосӣ дар ин замина бекор шуданд, вале маросими дигаре бар ивази он ба нақша гирифта шудааст. Дар саркӯбҳои беш аз се даҳсола пеш садҳо ва шояд ҳазорҳо эътирозгари режими Чин кушта шуданд ва то ҳол ин мавзӯъ дар Чин ба таври рӯшод матраҳ намешавад. То соли ҷорӣ дар Ҳонгконг ҳамеша маросими хосе ба ёди қурбониҳои он саркӯбҳо баргузор мешуд: дар боғи ғалабаи Ҳонгконг мардум бо шамъҳои фурӯзон ёди қурбониҳоро гиромӣ медоштанд. Вале имсол полис амр дод, ки ин маросим бо сабаби зарурати нигаҳдошти фосилаи байни одамон бекор шавад. Ташаббускорон даҳҳо ҳазор ширкатдори ҳарсолаи ин маросимро даъват карданд, ки дар барномаи онлайнии онҳо бо шамъҳои фурӯзон иштирок кунанд. Дар Ҳонгконг афзоиши таниши сиёсӣ мушоҳида мешавад. Ҳафтаи гузашта дар Чин қонуни нави амнияти миллӣ қабул шуд ва ин қонун вижагиҳои мақоми мухторияти Ҳонгконгро сарфи назар кард. Гурӯҳҳои демократӣ ин қонунро ҳамчун бахше аз маъракаи саркӯби ҳуқуқи демократии шаҳрвандон маҳкум карданд. Инчунин қарор аст рӯзи 4 июн маҷлиси Ҳонгконг дар заминаи тарҳи қонуни ҷиноят арзёбӣ кардани масхараи суруди миллии Чин овоздиҳӣ барпо кунад.

Раҳбари Пентагон ба истифодаи артиш дар саркӯби эътирозгарон зид баромад

Вазири дифои ИМА Марк Эспер.

Вазири дифои ИМА Марк Эспер зидди ҷалби артиш ба саркӯби эътирозҳои оммавие баромад, ки беш аз як ҳафта мешавад дар ин кишвар ҷараён доранд.

Ба ин эътирозҳо марги марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд сабаб шуд, ки дар натиҷаи боздошти бераҳмонаи пулис ҷон бохт. Президенти ИМА Доналд Трамп исрор кард, ки барои барқарории тартибот артиш ҷалб шавад.

Ба гуфтаи Эспер, қонуни соли 1807 ба президент ҳақ медиҳад, ки танҳо дар буҳронитарин ё хатарноктарин вазъ ҳамчун охирин чора аз артиш истифода кунад. Вале ба гуфтаи вазири дифои Амрико, дар ҳоли ҳозир ягон навъи ин ҳолатҳо пеш наомадааст.

Эспер мегӯяд, ҳоло барои дастгирии мақомоти маҳаллӣ дар чунин ҳолат Горди миллӣ муносибтар аст. Горди миллӣ - нерӯҳои вижаи низомиест, ки мақомоти Амрико дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мекунанд.

Чандин мансабдори баландпояи пешин ва кунунии Пентагон низ бо талаби Трамп, ки аз артиш истифода шавад, зид баромаданд.

Дертар Трамп низ гуфт, зарурати ҷалби артиш ба саркӯби эътирозҳои дохилиро намебинад.

Омӯзгорони Қазоқистон аз пардохти ҳаққи узвияти иттифоқи касаба даст мекашанд

Яке аз мактабҳои Қазоқистон.

Беш аз ҳазор омӯзгор бо нашри як номаи боз ба унвони вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетов гуфтанд, пардохти ҳаққи узвияти иттифоқи касабаро қатъ мекунанд. Зеро ба гуфтаи омӯзгорон, ин ниҳод аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят намекунад.

"Мутаассифона мо иттифоқи касабаеро надидем, ки аз ҳаққи омӯзгорон дифоъ кунад. Ҳар вақте омӯзгор дар мактаб ба кор ҷалб шавад, бояд узви иттифоқи касаба гардад. Ин як қонуни нонавишта дар муассисаҳои таълимӣ аст. Дигар ин, ки муҳосибони мактабҳо бидуни розигии омӯзгорон ҳаққи узвияти иттифоқро меситонанд. Омӯзгор ҳатто намедонад, ки узви иттифоқ аст", - омадааст дар нома.

Омӯзгорон аз Аймагамбетов талаб кардаанд, ки Вазорати маорифу илм ва палатаи соҳибкорони "Отамакон" созишномаи сеҷониба бо иттифоқи касаба ва узвияти омуаллимони мактабҳороо бекор кунанд.

Ҳуқуқшинос Маржан Аспандиярова, солҳои ахир бо ҳимояти ҳуқуқи омӯзгорон машғул аст, мегӯяд, талаб ва норозигии муаллимон асос дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз маоши омӯзгорон ситонидани маблағ ба нафъи иттифоқ бидуни розигии онҳо ғайриқонунӣ аст.

Трамп хостори даъвати Путин ба ҷаласаи G7 шуд

Соли 2014 баъди ғасби нимҷазираи Қрими Украина аъзои G8 Русияро аз ҳайат берун карданд ва ин созмон ба Гурӯҳи Ҳафтгонаи кишварҳои пешрафта табдил шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки барои даъвати раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгона (G7) “ақли солим” вуҷуд дорад. Зимни сӯҳбаташ бо радиои Фокс Нюс рӯзи 3 июн, Трамп гуфт, ки кишварҳои санъатии (G7) бо вуҷуди мавқеи Путин дар саҳнаи байналмилалӣ ва азхудкунии нимҷазираи Қрими Украина бояд бо Русия дар муколама бошанд. Трамп гуфт: “Масъала дар он нест, ки ӯ чӣ кор кард. Ин ҷо гап дар бораи ақли солим меравад”. Ӯ гуфт: “Масъала ин аст, ки гапи бисёри мо дар бораи Путин аст. Мо ҳамин тавр мешинему вақтро беҳуда сарф мекунем ва шумо бояд мулоқотро тамом карда як кас бояд ба Путин занг занад ваё дар масъалаҳои мухталифи дигар бо ӯ муомила кунад. Ман мегӯям, ки ӯ дар ҳамин утоқ омада нишинад”.
Трамп рӯзи 30 май гуфт, ки ҷаласаи гурӯҳи ҳафтгонаро бо сабаби пандемияи коронавирус аз моҳи июн ба сентябр ба таъхир мегузорад ва инчунин дар фикри тавсеаи ҳайати ин гурӯҳ бо шумули Австралия, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳинд мебошад. Трамп G7-ро як созмони иборат аз “кишварҳои хеле кӯҳнашуда” номид, ки ба гуфтааш, тавони вокуниши дуруст ба таҳаввулоти ҷаҳонро надоранд. Ба узвияти G7 ИМА, Канада, Олмон,Ҷопон, Фаронса, Бритониё ва Итолиё шомил мешаванд. Русия соли 2014 аз узвияти он замон гурӯҳи бо номи G8 берун карда шуд. Тасмими мазкур дар паи он гирифта шуд, ки Русия ба таври ғайриқонунӣ ба хоки Украина ворид шуда нимҷазираи Қримро ғасб кард. То ҳол дигар аъзои G7 ба даъвати Трамп оиди баргардонидани Русия хеле вокуниши сард нишон додаанд.

Узбекистон аксиз аз воридоти мошинро бекор кард

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 3 июн қарори "Тадбирҳои иловагӣ барои ба тартибдарории фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии рушди бозори дохилии мошин"-ро имзо кард.

Ба огаҳии Вазорати адлияи Узбекистон, фармон аз 1 августи соли равон аксиз аз воридоти нақлиёти зерин бекор карда мешавад:

– тракторҳо (рамз ТН ВЭД – 8701);

– нақлиёти дорои муҳаррик барои интиқоли 10 одам ё зиёда аз он (8702);

– мошини сабукрав ва нақлиёти дорои муҳаррик, ки барои интиқоли одамон пешбинӣ шудааст (ба ҷуз аз 8702), бо шумули мошинҳои мусофирбар-боркаш ва автомобилҳо барои мусобиқа (8703);

– мошинҳои дорои муҳаррик барои интиқоли бор (8704).

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон аксизи воридоти мошинҳои сабукрав 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳаҷми аксизи мошинҳои истеҳсоли Русия, Қазоқистон ва Украина ду дарсади арзиши гумрукӣ аст. Ҳамчунин барои мошинҳои истеҳсоли кишварҳое имтиёз дода мешавад, ки бо Узбекистон созишнома дар бораи минтақаи озодӣ иқтисодӣ имзо кардаанд.

Феълан ҳангоми ворид кардани мошин ба Узбекистон андоз аз арзиши иловашуда (15%), боҷи гумрукӣ ва аксиз ситонида мешавад. Ба иттилои сомонаи Autostrada, ки бо омӯзиши бозори мошин машғул аст, бекор шудани аксиз нархи мошинҳои хориҷиро дар Узбекистон дасти кам 2400 доллар кам мекунад.

Конфронси ҷаҳонӣ бо ҳадафи ҷалби маблағ барои воксинаи зидди COVID-19 

Озмоишгоҳи русии BIOCAD дар Русия ҳам аз паи кашфи воксинаи нав бар зидди COVID-19 аст

Рӯзи 4 июн дар Лондон ҳамоиши байналмилалие бо ҳадафи ҷамъоварии 7,4 миллиард доллар ба хотири эҷоди воксинаи зидди COVID-19 ва роҳандозии барномаҳои эмкунӣ барпо мешавад. Эътилофи ҷаҳонии эмкунӣ (GAVI) мегӯяд, ҳадаф аз ташаббус ин аст, ки ҳар нафар ба воксинаи зидди COVID-19 дастрасӣ дошта бошад, истеҳсоли он сартосарӣ ва дастрасии кишварҳои дар ҳоли рушд бо он пурра таъмин шавад. GAVI ва шарикони он инчунин мехоҳанд дар маблағгузории эмкунии доимии кӯдакон бар зидди сурхакон ва фалаҷи атфол ёрӣ расонанд. Пандемияи коронавирус ба барномаҳои эмкунӣ дар даҳҳо кишвари дар ҳоли рушд ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки баъди аз маблағгузории барномаҳои он хориҷ шудани ИМА осеб дидааст, таъсири манфӣ гузошт.

Даҳҳо ширкат ва ниҳодҳо дар паи пайдо кардани воксинаи зидди COVID-19 мебошанд ва чанд ададаш аллакай ба озмоишҳои нахустин шурӯъ кардааст. Бисёр коршиносони соҳаи беҳдошт мегӯянд, гумон аст, ки то соли 2021 воксинаи нав эҷод ва дастрас шавад. СҶТ ҳатто гуфтааст, ки эҳтимоли кашф нашудани воксина ҳам вуҷуд дорад ва вируси нав ба як навъ вируси доимо вуҷуддошта табдил мешавад. Аз замони пайдоиши он дар моҳи декабри порсол дар Чин то имрӯз коронавируси нав 6,5 миллион нафарро олуда ва 386 ҳазор нафарро куштааст. Суръати паҳншавии вирус дар Аврупову Осиёи Шарқӣ поин омада бархе кишварҳо дар паи тадриҷан сабук кардани чораҳои маҳдудкунанда ҳастанд. Амрикои Лотинӣ нуқтаи доғ мебошад ва ИМА бо ин ки аз назари осеби коронавирус ба инсонҳо дар ҷои аввал аст, дар фикри тадриҷан сабук кардани маҳдудиятҳо мебошад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG