Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон Ислом Каримовро табрик кард


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои узбаки худ Ислом Каримовро бо пирӯзияш дар интихоботи раисҷумҳурӣ дар Узбакистон табрик гуфт.

Дар телеграммаи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисҷумҳури Узбакистон, ки онро сомонаи расмии президенти Тоҷикистон бо забони русӣ нашр кардааст, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ислом Абдуғаниевичи муҳтарам!

Табрикоти маро ба муносибати бори дигар ба маснади олии раёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон интихоб шуданатон, қабул бифармоед.

Пирӯзии Шумо дар интихобот гувоҳи дастгирии сиёсати Шумост, ки барои шукуфоии Узбакистони ба мо дӯст ва беҳбудии зиндагии мардум равона шудааст....»

XS
SM
MD
LG