Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъудӣ як гурӯҳи хатарнокро боздошт кардааст


Вазорати умури дохилаи Арабистони Саъудӣ эълом кард, ки 28 нафарро, ки қасди анҷоми “амалҳои ҷиноӣ” доштанд, боздошт кардааст. Ба ғайр аз як нафар дигар ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ будаанд. То кунун маълум нест, ки боздоштҳо бо тарҳи ҳамлаи Ал- қоида ҳангоми маросими Ҳаҷ иртибот дорад ва ё на. Рӯзи ҷумъа вазорати умури дохилаи Арабистони Саъудӣ хабар дод, ки нерӯҳои амниятӣ аъзои як ҳалқаи вобаста ба Ал-қоидаро боздошт карданд, ки онҳо мехостанд, ҳангоми маросими Ҳаҷ дар Макка амали террористӣ анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG