Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии тарҳи таҳримҳои нав ба зидди Эрон


Вазири умури берунаи ИМА, Кондолиза Райс, тасдиқ кард, ки панҷ қудрати ҷаҳонӣ натавонистанд, дар мавриди Эрон ба мувофиқат расанд.

Шӯрои Амнияти СММ бо ишора ба саркашӣ аз қатъи бахши ҳассоси барномаи ҳаставии Теҳрон ду дафъа рӯи Ҷумҳурии исломӣ таҳрим ҷорӣ намуд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон баъди мулоқоти дипломатҳои узви доимии Шӯрои Амнияти СММ - ИМА, Русия, Британия, Фаронса, Чин ва Олмон - доктор Райс гуфт, ки ихтилофи тактикӣ дар масъалаи вақти таҳрим ва бештар аз он дар мавриди умқи таҳрим боқӣ мемонад.

Ба ақидаи Вашингтон, Теҳрон бояд ду интихоб дошта бошад. Яке таваққуфи ғанигардонии уран, ки имтиёзҳои иқтисодиву тиҷорӣ дар пай хоҳад дошт ва дигаре тавсеаи таҳрими Эрон аст, ки дар ҳоли саркашии Теҳрон аз қатъи ғанигардонии уран аз тарафи Шӯрои Амнияти СММ эъмол хоҳад шуд. Ба қавли котиби давлатии ИМА, ҳамаи ҷонибҳои музокирот мувофиқанд, ки стратегияи ду интихоб барои Теҳрон қобили қабул аст.

Аслан Русия ва Чин аз қабули қатъномаи сеюми Шӯрои Амнияти СММ дар иртибот бо барномаи ҳаставии Теҳрон ва ҷорӣ намудани бахши сеюми таҳрими Эрон зиёд пуштибонӣ намекунанд, зеро дар Ҷумҳурии Исломӣ манфиати иқтисодиву тиҷоррӣ доранд. Ба вижа баъди эълони гузориши хадамоти иктишофи миллии ИМА дар бораи барномаи ҳаставии Теҳрон мавқеъгирии Русияву Чин шадидтар шуд. Дар ин гузориш, ки 3-уми декабр ба табъ расидааст, хадамоти иктишофи миллии ИМА таъкид мекунад, ки соли 2003-ум Эрон аз татбиқи барномаи тавлиди силоҳи ҳаставӣ даст кашид.

Дар ин иртибот Эрон исрор меварзад, ки ҳеҷ гоҳ дар паи тавлиди силоҳ атомӣ набудааст. Бар илова баъди нашри гузориш Русия содироти маводи сӯхти ҳаставӣ барои нерӯгоҳи Бушаҳри Эронро оғоз намуд. Сухангӯи департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак мегӯяд, таъмини маводи сӯхт бори дигар собит мекунад, ки амалан Эрон ба ғанигардонии уран эҳтиёҷ нахоҳад дошт.

Вай гуфт, бо ин вуҷуд, ки Эрон манбаи бокафолати таъмини маводи сӯхт дорад ва он аз нуқтаи назари иқтисодӣ давомдор буда, имкон медиҳад, ки ҳадафҳои барномаи осоиштаи ҳаставиаш воқеан бидуни ғанигардонии уран амалӣ шаванд. Возеҳ аст, ки агар мақсади ниҳоии Ҷумҳурии исломӣ тавлиди силоҳи ҳаставӣ набошад, пас ғанигардонии уран бояд канор гузошта шавад.

Ҳафтаи гузашта хонум Райс тахмин карда буд, ки то соли нав қатъномаи сеюми Шӯрои Амнияти СММ дар иртибот бо барнмоаи ҳаставии Эрон мавриди раъйдиҳӣ қарор мегирад, вале бо ишора ба баҳсҳои ахир коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки қабули қатънома ба ин зудиҳо ба вуқӯъ нахоҳад пайваст.

XS
SM
MD
LG