Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Покистон: 60 нафар қурбонӣ


Масҷиди Чорсадда баъди таркиш
Масҷиди Чорсадда баъди таркиш

Дар натиҷаи як амали терористӣ дар яке аз масҷидҳои Покистон рӯзи ҷумъа, 21 декабр, то 60 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Ин амали терористиро як нафар даҳшатафкан дар дохили масҷиди ҷомеъи шаҳраки Чорсадда, воқеъ дар 30-километрии шаҳри Пешовар, ҳини баргузории намози Иди Қурбон анҷом дод. Ба ин амали терористӣ ҷонибдорони ҳаракати Толибон айбдор карда мешаванд.

Ҳадафи аслии ин амали маргбори даҳшатафканиро мақомоти расмӣ ва соҳибназарони ин кишвар ба он рабт додаанд, ки дар байни намозгузорон дар ин масқид вазири собиқи умури дохилаи Покистон Офтобхон Шерпао низ ҳузур дошт. Вале ӯ дар натиҷаи ин таркиш зарар надидааст, вале якчанд нафар низомиёни суҳофизи ӯ кушта шудаанд ва ҳамчунин фарзандаш, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, захм бардоштааст.

Вазири феълии умури дохилаи Покистон Ҳамид Навоз низ ҳадафи ин амали терористиро талоши гурӯҳҳои тундгаро барои аз байн бурдани Офтобхон Шерпао номид ва гуфт, ӯ дар замони фаъолияти худ ҳамчун вазири корҳои дохила бар зидди гурӯҳҳои тундрав муборизаҳои шадид бурдааст.

Вазири собиқи умури дохилаи Покистон Офтобхон Шерпао якчанд бор аст, ки мавриди ҳуҷумҳои терористӣ қарор мегирад. Дар моҳи апрели соли равон дар натиҷаи як таркиши даҳшатафканӣ ӯ сахт захмӣ шуд ва даҳҳо нафари ҳамроҳи ӯ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG