Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати бенатиҷаи қудратҳои ҷаҳонӣ


Қудратҳои ҷаҳонӣ дар даври тозаи машваратҳо роҷеъ ба эъмоли таҳримоти танбеҳии шадидтар ба зидди Эрон ба тавофуқ нарасиданд. Дипломатҳои олирутбаи кишварҳои узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал, Амрико, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё бар изофаи Олмон рӯзи панҷшанбе доир ба ин масъала гуфтӯгу карданд. Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико - гуфтааст, ки ин шаш кишвар дар мавриди замони таҳримоти эҳтимолӣ ба зидди Эрон ихтилофоти назари тактикӣ доранд. Шӯрои Амният бинобар саркашии Эрон аз талаби муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ду маротиба ба зидди ин кишвар таҳримот эъмол кардааст.
XS
SM
MD
LG