Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари аъзои Ал-Қоидаи Ироқ саудӣ мебошанд.


Пажӯҳиши академияи низомии "West Point"-и артиши ИМА мегӯяд, аксари ҷангҷӯёни Ал-Қоидаи Ироқ аз Арабистони Саудӣ ва Либия ҳастанду ба ваҷҳи умум синну соли донишҷӯӣ доранд.
Таҳқиқот бар пояи сабти номи 600 боздоштшудаи марбут бо Ал-Қоида доир шудааст. Онҳоро эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Ироқ то моҳи октябри соли равон дастгир намудааст.
Пажӯҳишгарон навиштаанд, ки аксаран ҷангҷӯён аз моҳи августи соли 2006-ум то моҳи августи соли 2007-ум аз Сурия ба Ироқ ворид шудаанд.
Маркази мубориза бо терроризми академияи низомии "West Point" таъкид мекунад, ки 41% боздоштшудагон шаҳрвандони Арабистони Саудӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG