Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Сербия ҷонибдори идомаи баҳси Косово


Русия ва Сербия пешниҳод кардаанд, ки музокироти сарнавишти минбаъдаи вилояти Косово идома ёбад.
Даъвати Русияву Сербия 19-уми декабр дар паи анҷоми бидуни ҳалли ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба мақоми Косово матраҳ шуд.
ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуданд, ки ба назари онҳо музокироти ҳайъатҳои Сербия ва албанитаборони вилояти Косово то ҷое нахоҳад расид. Сафири Белгия дар СММ Йоҳан Вербеке аз номи кишварҳои ғарбии узви Шӯрои Амният гуфт:
"Ба фикри мо ин возеҳ аст, ки музокирот дар ин ва ё он чорчӯб вазъро тағйир намедиҳад. Аз ин рӯ, мо назари ИМА ва Иттиҳодияи Аврупоро дастгирӣ мекунем, ки дар ҳоли ҳозир гуфтушунид дар чорчӯби "тройка" ва баҳси роҳи ҳал дар музокирот фарсуда шудааст."
Вале сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин гуфт, ки ба ақидаи Маскав ҳанӯз ҳам имкони дарёфти ҳалли мушкилӣ дар ҷараёни музокирот имконпазир аст.
Сарвазири Сербия Войислав Коштунитса мегӯяд, эълони якҷонибаи истиқлол аз тарафи албанитаборони Косово қонунҳои байналмилалиро поймол мекунад. Коштунитса даъват кардааст, ки музокирот идома ёбад.
Албанитаборони Косово мегӯянд, онҳо ба ҳамин зудиҳо дар ҳамоҳангӣ бо ИМА ва аксари аъзои Иттиҳодияи Аврупо истиқлол аз Сербияро эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG