Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Косово чӣ мешавад?


Имруз Шурои Амнияти СММ сарнавишти баъдии вилоят ё минтақаи ҷудоихоҳи Косоворо баррасӣ мекунад. Дар иҷлоси Шурои Амният кишварҳои узв роҷеъ ба гузориши сегона ё "тройка", яъне Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Руссия табодули афкор хоҳанд кард. Ин гузориш баъд аз чаҳор моҳи музокироти ҷонибҳо, ки бидуни натиҷа анҷом ёфт, ба Шурои Амният фиристода шуд. Дар Косово албанитаборон аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди мухолифати Руссияву Сербистон онҳо мехоҳанд давлати мустақили худро дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG