Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибрози нигаронии СММ аз рафтори Эрон


Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид мусаваббаи қатъномаеро ба тасвиб расонид, ки дар он аз нақзи муназзами ҳуқуқи инсон дар Эрон назири шиканҷа, буридани дасту пой ҷисмӣ ва сангсор дар маърази ом изҳори нигаронии амиқ мешавад. Ин қатънома бо 73 раъйи мувофиқ, 53 раъйи мухолиф пазируфта шуд ва 55 кишвар низ аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд. Қатъномаи мазкур аз суи Конодо пешниҳод ва аз ҷониби Амрико ва кишварҳои дигари ғарбӣ пуштибонӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG