Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи абзори шикастаи истгоҳи кайҳонӣ


Ду кайҳоннаварди амрикоӣ, Пеггӣ Витсон ва Ден Танӣ рӯзи сешанбе аз Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ берун шуда ва як абзори шикастаи онро таҳқиқ карданд. Дар ҷараёни ҳафт соат дар фазои кушод ҳарду кайҳоннавард абзори азкормондаеро таҳқиқ карданд, ки батареяҳои офтобии истгоҳи байналмилалии кайҳониро ба таври автоматӣ ба тарафи офтоб мегардонад. Онҳо ҳамчунин акси ин абзорро бардоштаанд, ки барои пайдо кардани роҳҳои тармими он ба маркази кайҳоншиносии Амрико НАСА фиристода хоҳад шуд. Мушкили абзори ҳаракатдиҳандаи батареяҳои офтобии истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ моҳи октябр кашф шуд, вале кайҳоннавардон натавонистанд, сабабҳои онро мушаххас кунанд.
XS
SM
MD
LG