Ширкаткунандагони конфаронси Порис, намояндагони наздик ба 90 давлати ҷаҳон, кӯмак ба иқтисодиёти маъмурияти худгардони Фаластин ва бо ин роҳ пуштибонӣ аз талошҳои эҳёи сулҳи Ховари Миёнаро мақсади асосии худ номиданд. Онҳо гуфтанд, чунин пуштибонӣ бояд имкон диҳад, ки то поёни соли 2008 давлати Фаластин дар паҳлуи Исроил арзи вуҷуд кунад.
Мизбони конфаронс, президенти Фаронса, Николя Саркозӣ гуфт, сулҳи деринтизори Ховари Миёна ба саховатмандии кишварҳои мададрасон бастагӣ хоҳад дошт: "Мо ҳама бояд акнун бо ҳам барои эҷоди давлати Фаластин то поёни соли 2008 ҳамкорӣ кунем, барои эҷоди як давлати мустақил, демократӣ, поянда ва оварандаи сулҳу амният дар паҳлуиИсроил." Рӯҳияи конфаронсро як рӯз пеш аз он сафири сулҳи минтақа Тонӣ Блер ин гуна таъин кард, ки "бидуни умед ба шукуфоӣ, некӯҳолӣ ва рушди иқтисодии фаластиниҳои қаторӣ, сиёсат комёб нахоҳад шуд." Ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, даромади нохолиси миллӣ ба сари кас дар қаламравҳои фаластинӣ дар даҳ соли охир 40% коҳиш ёфтааст. Ин натиҷаи мустақими "интифоза" ё шӯриши дувуми фаластиниҳо ва саркӯбгарии ҷавобии Исроил шумурда мешавад. Cар аз соли 2000-ум ду тарафи низоъ вориди рӯёрӯии шадид шуданд ва азоби ин ташаннуҷро мардуми оддии фаластинӣ мекашад. Интиқоли сармоя ва ҳаракати афрод маҳдуд гашта, бекорӣ ба авҷ расидааст.
Раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос пеш аз оғози конфаронс ба хабарнигорон гуфт, аз ин нишаст интизориҳои зиёд дорад. Вай афзуд: "Ба фикри ман ин конфаронс хеле муҳим хоҳад буд, зеро ба дунболи конфаронси Аннаполис барпо мешавад. Ҳадаф аз ҷамъомади кишварҳои ҷаҳон на танҳо кӯмаки иқтисодист. Ин маҳфил аҳдофи сиёсӣ низ дорад. Мо умедворем, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба интизориҳои мо ҷавобгӯ хоҳад омад." Фаластиниҳо, ки мегӯянд, барномаи муфассали худро омода кардаанд, хостори гирдоварии 5 миллиарду шашсад миллион доллар мебошанд. Иёлоти Муттаҳида 555 миллион, Иттиҳоди Аврупо 640, Фаронса 300 миллион доллар пешниҳод кардаанд. Донорҳо гуфтаанд, Исроил бояд маҳдудияти ҳаракат дар гузаргоҳҳои Каронаи Бохтариро лағв кунад, то кӯмакҳо коро бошанд. Аммо сарвазири Исроил Эҳуд Олмурт гуфт, ҳарчанд аз талошҳои байнулмилалии конфаронси Порис ҳимоят мекунад, розӣ нест, дастовардҳои он ба манофеъ ва амнияти Исроил халал ворид кунанд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои конфаронс ба таҳкими сулҳ ва муколама хидмат хоҳанд кард.
Мизбони конфаронс, президенти Фаронса, Николя Саркозӣ гуфт, сулҳи деринтизори Ховари Миёна ба саховатмандии кишварҳои мададрасон бастагӣ хоҳад дошт: "Мо ҳама бояд акнун бо ҳам барои эҷоди давлати Фаластин то поёни соли 2008 ҳамкорӣ кунем, барои эҷоди як давлати мустақил, демократӣ, поянда ва оварандаи сулҳу амният дар паҳлуи
...бидуни рушди иқтисодӣ, сиёсат комёб нахоҳад шуд.