Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон эълом мешавад


Қарор аст, имрӯз кумиссиёни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, натиҷаҳои муқадамотии интихоботи порлумонии ин кишварро эълом кунад. Интизор меравад, ки дар интихобот ҳизби раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев ҳизби Ақжол пирӯз шавад. Дар интихобот ҳизби Ақжол бо ҳизби Сотсиал Демократи нахуствазири собиқ Алмосбек Отамбоев ва Ҳизби Отамакони раиси собиқи порлумон Омурбек Текебоев рақобат кард. Ин ду ҳизби мухолиф Қурмонбек Боқиевро ба таққалубкорӣ дар интихобот муттаҳам карданд. Алмосбек Отамбоев ҷараёни интихоботро "ифлосу найрангомез" номид.
XS
SM
MD
LG