Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуқтаҳои раъдиҳии Қирғизистон баста шуд


Баъди анҷоми интихоботи парлумонии Қирғизистон нуқтаҳои раъдиҳии ин кишвар баста шудааст. Тибқи иттилои хабарнигори Озодӣ аз Бишкек, Камиссиюн марказии интихоботҳо гуфтааст, то ҳол беш аз 61 дар сади раъйдиҳандагон дар интихобот иштирок карданд. Интизор меравад, ки раъйи бештари мардумро барои дарёфти ҳақи узвият дар парлумон ҳизби "Оқ Ҷӯл"-и раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев, Ҳизби сотсиал-демократи нахуствазири собиқ Алмос Отамбоев ва ҳизби "Отамакон"-и раиси собиқи парлумон Омурбек Текебоев ба даст хоҳанд овард. Баъди ширкаташ дар интихобот, раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев аз интихоботи имрӯза чун як рӯйдоди таърихӣ ситоиш кард:

"Ин як рӯзи таърихӣ аст, чунки барои нахустин бор шаҳрвандони Қирғизистон барои ҳизбҳо, барои рӯйхатҳои ҳизбӣ овоз медиҳанд. Барои давлати демократии дар ҳоли рушд ин як рӯзи вижа аст. Аз ҳамин хотир, новобаста аз натиҷаҳои раъйдиҳӣ, ман комилан мутмаинам, ки парлумони нав аз парлумонҳои гузашта фарқ хоҳад кард. Нирӯҳои нав, занҳо, аққалиятҳои миллӣ ба парлумон роҳ хоҳанд ёфт".

Бо ин вуҷуд, аҳзоби мухолифин Боқиевро дар кӯшиши тақаллуби натиҷаҳои раъйдиҳӣ муттаҳам мекунанд, ки ба қавли онҳо, барои ба парлумон роҳ наёфтани рақибонаш ба ин амал даст хоҳад зад. Отамбоев имрӯз гуфт, ки ҷараёни овоздиҳӣ "ифлосу пуртавтеа" мегузарад. Бахши қирғизии радиои Озодӣ аз қавли сиёсатмадорони маҳаллӣ гузориш медиҳад, ки дар манотиқи мухталифи кишвар ҳодисаҳои тақаллуби баргаҳо ба манфиати ҳизби "Оқ Ҷӯл" мушоҳида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар интихоботи имрӯзаи Қирғизистон 12 ҳизб ширкат мекунанд, аммо 9 ҳизби боқимонда шонси кам доранд, ки ба парлумони иборат аз 90 курсӣ роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG