Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон

Фардо, 16-уми декабри соли 2007, дар Қирғизистон интихоботи қарибулвуқӯъ ба Жогорку Куенеш, порлумони ин кишвар, баргузор мегардад. Дар он метавонанд беш аз 2,6 миллион шаҳрванди кишвар ба номзадҳои яке аз 12 ҳизби сиёсии мамлакат, ки Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Қирғизистон ба қайд гирифтааст, раъй бидиҳанд.
Ҷиҳати назорати интихоботи порлумонии Қирғизистон КМИР-и кишвар ҳудуди 600 нозири байнулмилалиро ба қайди расмӣ гирифтааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Лукашенка ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукуматро ба истеъфо фиристод

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенка

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенка ду моҳ пеш аз интихоботи президентӣ ҳукуматро ба истеъфо фиристод. Дар ин бора рӯзи 3 июн телевизиони давлатии Беларус хабар дод. Интихобот рӯзи 9 август баргузор мешавад ва интизор меравад, ки Лукашенкаи 65-сола бори шашум дар овоздиҳӣ пирӯз эълон мешавад. Ҳеҷ як интихобот дар Беларус баъди соли 1994, замони сари қудрат омадани Лукашенка, мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи шаффофу демократӣ эътироф нашудааст. Соли 2004 дар Беларус маҳдудият дар ширкати номзади интихоботи президентӣ бардошта шуд. Мунаққидон мегӯянд, ки Лукашенка ва ҳукумати ӯ дар тамоми ин солҳо нисбат ба дигарандешон таҳаммули кам нишон додааст. Моҳи гузашта Human Rights Watch ҳукумати Беларусро барои саркӯби эътирозгарон, блогнависҳои мухолифи ҳукумат, журналистон ва дигар мунаққидон ва ҳам барои “мавҷи нави боздоштҳои худсарона” интиқод кард.

Маросими гиромидошти кушторҳои соли 1989 дар Тянанмин онлайнӣ барпо мешавад

4 июни соли 2020. Донишҷӯён “Сутуни шарм”-ро дар Ҳонгконг тоза мекунанд. Ин муҷассамаи меъмори даниягӣ Йенс Галшиот ба ёди қурбониҳои кушторҳо дар майдони Тянанмини Пекин дар соли 1989 эҷод шудааст.

Рӯзи 4 июн фаъолони демократӣ ва ҳомии ҳуқуқ дар саросари Ҳонгконг кушторҳои ҷамъии мардум дар майдони Тянанминро дар соли 1989 гиромӣ хоҳанд дошт. Нахустин бор дар 31 соли охир маъракаҳои асосӣ дар ин замина бекор шуданд, вале маросими дигаре бар ивази он ба нақша гирифта шудааст. Дар саркӯбҳои беш аз се даҳсола пеш садҳо ва шояд ҳазорҳо эътирозгари режими Чин кушта шуданд ва то ҳол ин мавзӯъ дар Чин ба таври рӯшод матраҳ намешавад. То соли ҷорӣ дар Ҳонгконг ҳамеша маросими хосе ба ёди қурбониҳои он саркӯбҳо баргузор мешуд: дар боғи ғалабаи Ҳонгконг мардум бо шамъҳои фурӯзон ёди қурбониҳоро гиромӣ медоштанд. Вале имсол полис амр дод, ки ин маросим бо сабаби зарурати нигаҳдошти фосилаи байни одамон бекор шавад. Ташаббускорон даҳҳо ҳазор ширкатдори ҳарсолаи ин маросимро даъват карданд, ки дар барномаи онлайнии онҳо бо шамъҳои фурӯзон иштирок кунанд. Дар Ҳонгконг афзоиши таниши сиёсӣ мушоҳида мешавад. Ҳафтаи гузашта дар Чин қонуни нави амнияти миллӣ қабул шуд ва ин қонун вижагиҳои мақоми мухторияти Ҳонгконгро сарфи назар кард. Гурӯҳҳои демократӣ ин қонунро ҳамчун бахше аз маъракаи саркӯби ҳуқуқи демократии шаҳрвандон маҳкум карданд. Инчунин қарор аст рӯзи 4 июн маҷлиси Ҳонгконг дар заминаи тарҳи қонуни ҷиноят арзёбӣ кардани масхараи суруди миллии Чин овоздиҳӣ барпо кунад.

Раҳбари Пентагон ба истифодаи артиш дар саркӯби эътирозгарон зид баромад

Вазири дифои ИМА Марк Эспер.

Вазири дифои ИМА Марк Эспер зидди ҷалби артиш ба саркӯби эътирозҳои оммавие баромад, ки беш аз як ҳафта мешавад дар ин кишвар ҷараён доранд.

Ба ин эътирозҳо марги марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд сабаб шуд, ки дар натиҷаи боздошти бераҳмонаи пулис ҷон бохт. Президенти ИМА Доналд Трамп исрор кард, ки барои барқарории тартибот артиш ҷалб шавад.

Ба гуфтаи Эспер, қонуни соли 1807 ба президент ҳақ медиҳад, ки танҳо дар буҳронитарин ё хатарноктарин вазъ ҳамчун охирин чора аз артиш истифода кунад. Вале ба гуфтаи вазири дифои Амрико, дар ҳоли ҳозир ягон навъи ин ҳолатҳо пеш наомадааст.

Эспер мегӯяд, ҳоло барои дастгирии мақомоти маҳаллӣ дар чунин ҳолат Горди миллӣ муносибтар аст. Горди миллӣ - нерӯҳои вижаи низомиест, ки мақомоти Амрико дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мекунанд.

Чандин мансабдори баландпояи пешин ва кунунии Пентагон низ бо талаби Трамп, ки аз артиш истифода шавад, зид баромаданд.

Дертар Трамп низ гуфт, зарурати ҷалби артиш ба саркӯби эътирозҳои дохилиро намебинад.

Омӯзгорони Қазоқистон аз пардохти ҳаққи узвияти иттифоқи касаба даст мекашанд

Яке аз мактабҳои Қазоқистон.

Беш аз ҳазор омӯзгор бо нашри як номаи боз ба унвони вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетов гуфтанд, пардохти ҳаққи узвияти иттифоқи касабаро қатъ мекунанд. Зеро ба гуфтаи омӯзгорон, ин ниҳод аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят намекунад.

"Мутаассифона мо иттифоқи касабаеро надидем, ки аз ҳаққи омӯзгорон дифоъ кунад. Ҳар вақте омӯзгор дар мактаб ба кор ҷалб шавад, бояд узви иттифоқи касаба гардад. Ин як қонуни нонавишта дар муассисаҳои таълимӣ аст. Дигар ин, ки муҳосибони мактабҳо бидуни розигии омӯзгорон ҳаққи узвияти иттифоқро меситонанд. Омӯзгор ҳатто намедонад, ки узви иттифоқ аст", - омадааст дар нома.

Омӯзгорон аз Аймагамбетов талаб кардаанд, ки Вазорати маорифу илм ва палатаи соҳибкорони "Отамакон" созишномаи сеҷониба бо иттифоқи касаба ва узвияти омуаллимони мактабҳороо бекор кунанд.

Ҳуқуқшинос Маржан Аспандиярова, солҳои ахир бо ҳимояти ҳуқуқи омӯзгорон машғул аст, мегӯяд, талаб ва норозигии муаллимон асос дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз маоши омӯзгорон ситонидани маблағ ба нафъи иттифоқ бидуни розигии онҳо ғайриқонунӣ аст.

Трамп хостори даъвати Путин ба ҷаласаи G7 шуд

Соли 2014 баъди ғасби нимҷазираи Қрими Украина аъзои G8 Русияро аз ҳайат берун карданд ва ин созмон ба Гурӯҳи Ҳафтгонаи кишварҳои пешрафта табдил шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки барои даъвати раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгона (G7) “ақли солим” вуҷуд дорад. Зимни сӯҳбаташ бо радиои Фокс Нюс рӯзи 3 июн, Трамп гуфт, ки кишварҳои санъатии (G7) бо вуҷуди мавқеи Путин дар саҳнаи байналмилалӣ ва азхудкунии нимҷазираи Қрими Украина бояд бо Русия дар муколама бошанд. Трамп гуфт: “Масъала дар он нест, ки ӯ чӣ кор кард. Ин ҷо гап дар бораи ақли солим меравад”. Ӯ гуфт: “Масъала ин аст, ки гапи бисёри мо дар бораи Путин аст. Мо ҳамин тавр мешинему вақтро беҳуда сарф мекунем ва шумо бояд мулоқотро тамом карда як кас бояд ба Путин занг занад ваё дар масъалаҳои мухталифи дигар бо ӯ муомила кунад. Ман мегӯям, ки ӯ дар ҳамин утоқ омада нишинад”.
Трамп рӯзи 30 май гуфт, ки ҷаласаи гурӯҳи ҳафтгонаро бо сабаби пандемияи коронавирус аз моҳи июн ба сентябр ба таъхир мегузорад ва инчунин дар фикри тавсеаи ҳайати ин гурӯҳ бо шумули Австралия, Русия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳинд мебошад. Трамп G7-ро як созмони иборат аз “кишварҳои хеле кӯҳнашуда” номид, ки ба гуфтааш, тавони вокуниши дуруст ба таҳаввулоти ҷаҳонро надоранд. Ба узвияти G7 ИМА, Канада, Олмон,Ҷопон, Фаронса, Бритониё ва Итолиё шомил мешаванд. Русия соли 2014 аз узвияти он замон гурӯҳи бо номи G8 берун карда шуд. Тасмими мазкур дар паи он гирифта шуд, ки Русия ба таври ғайриқонунӣ ба хоки Украина ворид шуда нимҷазираи Қримро ғасб кард. То ҳол дигар аъзои G7 ба даъвати Трамп оиди баргардонидани Русия хеле вокуниши сард нишон додаанд.

Узбекистон аксиз аз воридоти мошинро бекор кард

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 3 июн қарори "Тадбирҳои иловагӣ барои ба тартибдарории фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии рушди бозори дохилии мошин"-ро имзо кард.

Ба огаҳии Вазорати адлияи Узбекистон, фармон аз 1 августи соли равон аксиз аз воридоти нақлиёти зерин бекор карда мешавад:

– тракторҳо (рамз ТН ВЭД – 8701);

– нақлиёти дорои муҳаррик барои интиқоли 10 одам ё зиёда аз он (8702);

– мошини сабукрав ва нақлиёти дорои муҳаррик, ки барои интиқоли одамон пешбинӣ шудааст (ба ҷуз аз 8702), бо шумули мошинҳои мусофирбар-боркаш ва автомобилҳо барои мусобиқа (8703);

– мошинҳои дорои муҳаррик барои интиқоли бор (8704).

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон аксизи воридоти мошинҳои сабукрав 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳаҷми аксизи мошинҳои истеҳсоли Русия, Қазоқистон ва Украина ду дарсади арзиши гумрукӣ аст. Ҳамчунин барои мошинҳои истеҳсоли кишварҳое имтиёз дода мешавад, ки бо Узбекистон созишнома дар бораи минтақаи озодӣ иқтисодӣ имзо кардаанд.

Феълан ҳангоми ворид кардани мошин ба Узбекистон андоз аз арзиши иловашуда (15%), боҷи гумрукӣ ва аксиз ситонида мешавад. Ба иттилои сомонаи Autostrada, ки бо омӯзиши бозори мошин машғул аст, бекор шудани аксиз нархи мошинҳои хориҷиро дар Узбекистон дасти кам 2400 доллар кам мекунад.

Конфронси ҷаҳонӣ бо ҳадафи ҷалби маблағ барои воксинаи зидди COVID-19 

Озмоишгоҳи русии BIOCAD дар Русия ҳам аз паи кашфи воксинаи нав бар зидди COVID-19 аст

Рӯзи 4 июн дар Лондон ҳамоиши байналмилалие бо ҳадафи ҷамъоварии 7,4 миллиард доллар ба хотири эҷоди воксинаи зидди COVID-19 ва роҳандозии барномаҳои эмкунӣ барпо мешавад. Эътилофи ҷаҳонии эмкунӣ (GAVI) мегӯяд, ҳадаф аз ташаббус ин аст, ки ҳар нафар ба воксинаи зидди COVID-19 дастрасӣ дошта бошад, истеҳсоли он сартосарӣ ва дастрасии кишварҳои дар ҳоли рушд бо он пурра таъмин шавад. GAVI ва шарикони он инчунин мехоҳанд дар маблағгузории эмкунии доимии кӯдакон бар зидди сурхакон ва фалаҷи атфол ёрӣ расонанд. Пандемияи коронавирус ба барномаҳои эмкунӣ дар даҳҳо кишвари дар ҳоли рушд ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки баъди аз маблағгузории барномаҳои он хориҷ шудани ИМА осеб дидааст, таъсири манфӣ гузошт.

Даҳҳо ширкат ва ниҳодҳо дар паи пайдо кардани воксинаи зидди COVID-19 мебошанд ва чанд ададаш аллакай ба озмоишҳои нахустин шурӯъ кардааст. Бисёр коршиносони соҳаи беҳдошт мегӯянд, гумон аст, ки то соли 2021 воксинаи нав эҷод ва дастрас шавад. СҶТ ҳатто гуфтааст, ки эҳтимоли кашф нашудани воксина ҳам вуҷуд дорад ва вируси нав ба як навъ вируси доимо вуҷуддошта табдил мешавад. Аз замони пайдоиши он дар моҳи декабри порсол дар Чин то имрӯз коронавируси нав 6,5 миллион нафарро олуда ва 386 ҳазор нафарро куштааст. Суръати паҳншавии вирус дар Аврупову Осиёи Шарқӣ поин омада бархе кишварҳо дар паи тадриҷан сабук кардани чораҳои маҳдудкунанда ҳастанд. Амрикои Лотинӣ нуқтаи доғ мебошад ва ИМА бо ин ки аз назари осеби коронавирус ба инсонҳо дар ҷои аввал аст, дар фикри тадриҷан сабук кардани маҳдудиятҳо мебошад.

Қирғизистон аз 15 июн парвозҳои байналмилалиро аз сар мегирад

Фурудгоҳи байнулмилалии Манас. Моҳи марти 2020

Сардори Оҷонси авиатсияи граждании Қирғизистон Қурмонбек Акишев гуфт, тасмим доранд, аз 15-уми июн парвозҳои байналмилалиро аз сар бигиранд.

"Дар ҳоли ҳозир нақшаи амал таҳия мешавад. Ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ тибқи имконияти худ, сана ва миқдори парвози ҳавопаймоҳояшро пешниҳод мекунад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Акишев, дар ҳоли ҳозир онҳо нақша доранд, ки ҳафтае 16-17 парвоз аз хориҷ ба Қирғизистон ва баръакс анҷом дода шавад.

Пештар мақомоти Қирғизистон иттилоъ доданд, ки аз 5 июни соли равон парвозҳои дохилӣ аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни минтақаҳо оғоз мешавад.

Дар Қирғизистон парвози ҳавопаймоҳо дар миёнаҳои моҳи марти соли равон, баъди ошкор шудани коронавирус қатъ шуд. Аз 22 март дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом ва дар шаҳрҳои бузургтарин аз 25 март вазъи изтирории шадид ҷорӣ гашт.

Маҳбусони боздоштгоҳи муваққатии Қазоқистон ошӯб бардоштаанд

Маҳбусони боздоштгоҳи муваққатӣ дар наздикии шаҳри Атирауи Қазоқистон субҳи 3 июн аз тирезаи утоқҳои худ либосҳои хунолудро нишон дода, фарёд мекарданд, ки "наҷот диҳед, кумак кунед, "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кунед", менависад хабаргузории қазоқии "Ак Жайик".

Ба иттилои расона, дар наздикии бинои боздоштгоҳ даҳҳо наздикону пайвандони маҳбусон ҷамъ шуда буданд. Як ҳамсуҳбати расона аз шаҳри Лаура гуфтааст, бародари ӯ аз тиреза либоси хунолудро нишон додааст. "Мо хостем, "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кунанд, вале ба мо гуфтанд, ки дар дохили боздоштгоҳ табибон ҳастанд", - афзуд ӯ.

Як масъули додситонии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ Сакен Жандирбоев ба хабаргузорӣ гуфт, чанд боздоштшуда ва маҳбус "тартиботи дохилиро риоя накарданд". "Ҳоло тафтишот идома дорад. Ман ҳамаи довталабонро дар дохил қабул кардам. Ҳамчунин осебҳои ҷисмонӣ низ ташхис карда мешавад", - изҳор дошт додситон.

Ба иттилои сомонаи Atpress.kz, дар боздоштгоҳи №157/1 маҳбусон даст ба ошӯб задаанд ва чандин нафарро ба утоқи ҷаримавӣ интиқол доданд. Ба гуфтаи пайвандони зиндониён, маҳбусон аз сифати ғизо, шароити беҳдоштии утоқҳо ва набудани кумаки тиббии касбӣ шикоят доранд.

Додраси пешин: КДАМ ба ҷойи таҳқиқи фасодкорӣ хабарнигоронро муҷозот карданист

Клара Сооронкулова

Додраси пешини Палатаи конститутсионии Қирғизистон Клара Сооронкулова мегӯяд, Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар (КДАМ) ба ҷои таҳқиқи ҳолатҳои фасодкорие, ки дар натиҷаи таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ ошкор шудаанд, мехоҳад худи муаллифонро дар ин қазия айбдор кунад.

"Кумита нахуст набудани нақшаи фасодкорӣ ва беасос будани маълумоти таҳқиқотро исбот мекард ва сипас мегуфт, ки рӯзноманигорон барои паҳни иттилои дуруғ пул гирифтаанд, боварибахш буд. Вале масъулони ин ниҳод бо роҳи дигар рафта, мегӯянд, ки рӯзноманигорон пора гирифтаанд", - изҳор дошт додраси пешин.

Мақомоти махсуси Қирғизистон рӯзи 2 июн дар ҷаласаи порлумонии марбут ба куштори Айеркен Саймаитӣ, тоҷири ӯйғуртабор гуфтанд, рӯзноманигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ин соҳибкор, ки пулшӯиро эътироф кард, 100 ҳазор доллар гирифтаанд. Саймаитӣ дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ эътироф кард, ки давоми чанд сол аз Қирғизистон садҳои миллион долларро ба хориҷ бурдааст.

Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Вай ҳуҷҷатҳои молиеро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузошт, ки аз Қирғизистон ба хориҷ бурдани маблағҳои ҳангуфтро собит мекарданд.

Баъд аз куштори Саймаитӣ Радиои Озодӣ, сомонаҳои "Клооп" ва OCCRP таҳқиқоти рӯзноманигориро нашр карданд. Дар таҳқиқот омадааст, маблағеро, ки Саймаитӣ ба хориҷ бурд, ба муовини раиси пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов тааллуқ дорад. Нашри таҳқиқоти рӯзноманигорӣ боиси эътирозҳои пайиҳами сокинони Қирғизистон шуд.

Матраимов ва аъзои хонаводааш робита доштан бо Саймаитӣ ва фасодкорӣ дар гумруки Қирғизистонро рад мекунанд. Вай ва аъзои хонаводааш баъди нашри таҳқиқот ба додгоҳ даъво бурданд ва аз туҳмат шикоят карданд.

Самидин уулу Сагинбек, яке аз масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар ҷаласаи порлумонии рӯзи 2 июн гуфт, ду шоҳид хабар додаанд, ки Саймаитӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ "100 ҳазор доллар додааст". Ба суол дар бораи он ки оё Сагинбек санаду ҳуҷҷати дигаре дар ихтиёр дорад, посухи рад дод.

Як қатор фаъолони маданӣ ва вакилони порлумони Қирғизистон иддаои Кумитаи амнияти миллии ин кишварро "кӯшиши сиёҳ" кардани рӯзноманигорон номиданд.

Бритониё омодааст, то 3 миллион сокини Ҳонгконгро бипазирад

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ба нашрияи Times гуфтааст, агар Чин фишорҳо ба Ҳонгконгро идома бидиҳад, омодаанд, то се миллион сокини ин шаҳрро бипазиранд. Ҳонгконгиҳо имкони дарёфти шаҳрвандии шоҳигариро низ пайдо хоҳанд кард. Ҳонгконг то соли 1997 аз сӯи Бритониё идора шуда, сипас ба шарти ҳифз шудани қоидаҳои махсуси маъмурӣ ба ихтиёри Чин гузашт.

Дар ин шаҳр аз баҳори соли 2019 то замони сирояти коронавирус эътирозҳо зидди лоиҳаи қонуне идома дошт, ки таслим кардани гумонбарон ба Чинро пешбинӣ мекард. Дар натиҷаи эътирозҳо лоиҳаи қонун бозхонд ва мухолифон дар интихобот комёб шуданд.

Чин баъд аз ин ба таҳияи лоиҳаи қонуне дар бораи амният пардохт. Ин қонун барои ҳама гуна фаъолияте, ки ба гуфтаи мақомоти Чин, фармонравоии онҳо ва худмухтории Ҳонгконгро ба ҳам мезанад ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ ва салоҳияти хадамоти махсуси ин кишварро то ба минтақаи худмухтор васеъ хоҳад кард.

Мухолифони Ҳонгконг ва бештари кишварҳо бар инанд, ки қонуни мазкур худмухтории шаҳрро халалдор мекунад. ИМА гуфт, қоидаи махсуси тиҷорӣ ва ҳамкориеро, ки барои Ҳонгконг муайян шудаанд, бекор мекунад. Чин вокуниши ҷомеаи ҷаҳониро дахолат ба умури дохилии худ меномад.

Тоқаев истифодаи ибораи "ҷамъияти русҳо"-ро дар Қазоқистон манъ кард

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 3 июн дар суҳбат бо нашрияи русии "Комсомолская правда" гуфт, ба идеологҳо истифодаи ибораи "ҷамъияти русҳо"-ро манъ кардааст. Ба гуфтаи Тоқаев, ҳамаи қазоқистониҳо худро як миллат медонанд ва бинобар ин, дар ин кишвар мафҳуми "ақалияти миллӣ" вуҷуд надорад.

"Чанде пеш дар як матлаби таҳлилии хориҷӣ бо ибораи "ҷамъияти рустаборони Қазоқистон" вохӯрдам. Ба идеологҳо ва таҳлилгарони худамон ҳушдор додам, ки ҳеч гоҳ ингуна ибораро истифода набаранд. Русҳо як бахши мардуми мо ҳастанд ва саҳми онҳо дар барқарорӣ ва рушди Қазоқистон бузург аст ва фаромӯш нахоҳад шуд",-афзуд ӯ.

Президенти Қазоқистон изҳор дошт, ки бештари номҳои русӣ дар таърихи ин кишвар бо "ҳарфи тилоӣ" навишта шудаанд.

Қазоқистон 18,6 млн аҳолӣ дорад, ки беш аз 3,5 миллиони онҳоро русҳо ташкил медиҳанд.

Имкони афви муҳоҷирон дар Русия баррасӣ мешавад. ВИДЕО

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар сурати иҷро шудани пешниҳоди коршиносони Вазорати умури дохилии Русия садҳо муҳоҷири тоҷик имкони идомаи кору будубоши қонуниро дар он кишвар ба даст меоранд.

Гурӯҳе аз коршиносони Вазорати умури дохилии Русия ба мақомоти он кишвар пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирони ба истилоҳ ғайриқонуниро пурра афв кунанд. Хабаргузории РИА Новости ин ҳафта ба нақл аз манобеаш навишт, чунин пешниҳод бо назардошти вазъи фавқулода гирифта шуд.

Тибқи таҳлили коршиносон, ҳангоми пандемияи коронавируси нав аз 12 миллион хориҷӣ дар Русия танҳо дуним миллион нафар қонунӣ фаъолият доранд. Бо назардошти ин, коршиносони Вазорати корҳои дохилӣ тавсия додаанд, дар Русия афви муҳоҷироне, ки ҷиноят содир накардаанд, амалӣ гардад, то онҳо ба таври оммавӣ сабтином карда шаванд.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт, ин ҳоло як пешниҳод аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба он ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ироа шудааст, имкони иҷро шуданаш хеле болост.

Мақомоти Русия мегӯянд, то як миллион аҳолии Тоҷикистон барои кору зиндагӣ дар он кишвар қарор доранд. Маълум нест, чӣ қадар аз онҳо қонунӣ ва чӣ қадари дигар ғайрирасмӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Аммо Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то ин дам тақрибан сесад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун аз Русия ихроҷ карда шуда, аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳруманд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, муҳоҷирони тоҷик бештар ба сабаби мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ ва нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ихроҷ мешаванд. Дар ин миён зиёданд муҳоҷироне, ки мегӯянд, бегуноҳ ва дастҷамъӣ аз Русия ихроҷ карда шудаанд.

Мақомоти Русия аксари муҳоҷиронро ба муҳлати аз се то панҷ сол аз ҳаққи вуруд маҳрум мекунанд. Баъзе аз онҳо мегӯянд, насупурдани пули телефон, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонуншиканиҳои хурд сабаб шудааст, ки дастгир ва сипас ихроҷ шаванд.

Дар ду ҳафтаи ахир мақомот тавассути парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо аз Маскав ба Душанбе даҳҳо нафареро оварданд, ки додгоҳҳои Русия қарори ихроҷашонро содир кардаанд ва онҳо дар боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешуданд.

Русия соли 2017 ба даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза дода буд, ки санадҳояшонро қонунӣ кунанд.

Дар робита ба марги Флойд зидди 4 маъмури пулис айб эълом шуд

Лаҳзаи боздошт марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд.

Дар ИМА зидди корманди пулис Дерек Чаувин, ки ҳангоми боздошт зонуяшро ба гулӯи марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд гузошта буд, айбҳои ҷиддитаре эълом карданд. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ бо истинод ба Додситонии кулли аёлати Миннесот иттилоъ доданд.

Дерек Чаувин, ки пештар бо айби куштори ғайриамдӣ ва дараҷаи севум ба ҳабс гирифта шуда буд, дар куштори дараҷаи дувум низ айбдор мешавад. Ба ӯ то 40 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои Fox News, ҳамчунин ба ҳабси се корманди дигари пулисе амр шудааст, ки бо Чаувин дар раванди боздошти Флойд иштирок доштанд. Ҷей-Александр Куенг, Томас Лейн ва Ту Тао дар ҳамдастӣ ва таҳрик ба ҷиноят айбдор мешаванд.

Ҳамаи ин чор корманди пулис аз мақом барканор карда шудаанд.

Флойди 46-сола пас аз боздошт зуд ба беморхона интиқол ёфта, 25 май ҷон бохт. Видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад Флойд бо дастони баста дар замин хобида, маъмури пулис зонуяшро ба гулӯи ӯ мондааст. Вай чанд бор мегӯяд, ки нафаскашияш мушкил шудааст ва ӯро раҳо кунанд.

Марги Флойд дар Миннеаполис боиси сар задани бетартибиҳои оммавӣ дар тамоми минтақаҳои Амрико шуд. Мақомот маҷбур шуданд, барои таъмини тартибот Горди миллиро низ сафарбар кунанд. Ҳоло тақрибан дар 40 шаҳр, бо шумули Вашингтон ва Ню-Йорк соати комендантӣ ҷорӣ шудааст.

Мансабдори узбек ба хат задани "деҳаи ҷанҷолӣ"-и Сӯх аз харита таҳдид кард

Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон чанд навору видеое паҳн шудааст, ки дар онҳо марде садояш монанд ба садои раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев сокинони ноҳияи Сӯхро ба бастани марз ва хат задани "деҳаҳои ҷанҷолии ноҳия" аз харитаи он кишвар таҳдид мекунад.

Маъмурияти вилояти Фарғона то ҳол ин наворҳоро шаҳр надодааст. Вале садои марде, ки сокинонро дар он наворҳо таҳдид мекунад, ба садои раиси ин вилоят монанд аст.

Марде, ки дар наворҳо садояш сабт шудааст, ба зиндонӣ кардани 74 сокини маҳаллӣ ва хат задани "деҳаҳои ҷанҷолӣ" аз харитаи Узбекистон таҳдид карда, мегӯяд, ҷазирақаламрави Сӯхро дар ҳудуди Қирғизистон аз таъминот маҳрум хоҳад кард.

​"74 нафарро бо худ ба Фарғона барем, ё не? Агар ин гуна ҳодиса дубора рух диҳад, ман дигар ба инҷо намеоям! Кӣ аз Ленбург (деҳаи узбекӣ дар Сӯх) омадааст? Агар деҳа ҷанҷолӣ аст, бо он дар харита чӣ кор кунем? Аз харитаи Сӯх онро хат зада, таъминотро қатъ хоҳем кард. Магар шумо дар инҷо нишастаед, ки барои мо мушкил эҷод кунед? Мехоҳед, ки 74 ҷавони маҳаллиро зиндонӣ кунем? Ба сардори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситон рӯйхат омодааст? Хуб, созиш кардем, 74 касро ба зиндон мефиристем", - таҳдид мекунад мансабдор.​

31-уми май миёни сокинони деҳаи Чашмаи ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон ва деҳаи наздимарзии Қирғизистон задухӯрд сурат гирифта, ба иттилои расмӣ, 187 шаҳрванди Узбекистон ва 25 шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуданд.

Дар пайи задухурд сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, раиси Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Абдусалом Азизов ва раиси Фарғона Шуҳрат Ғаниев 1-уми июн ба маҳалли ҳодиса рафтанд.​

Фаъолони Сӯх дар вохӯрӣ бо раиси ҳукумати Узбекистон ба фаъолияти раҳбарияти Фарғона шадидан норозигӣ баён карданд.

"Моро таҳдид кард, ки ноҳияро аз харита хат зада, марзро мебандад", - гуфтанд онҳо. Сипас тамоми ҷамъшудаҳо шиор партофтанд, ки "Бигузор Ғаниев биравад!"

Вазири пешини корҳои дохилии Қирғизистон "сафед" шуд

Молдомусо Конгантиев

Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зинаи поёнии додгоҳро дар мавриди бегуноҳии вазири пешини корҳои дохилии он кишвар Молдомусо Конгантиев бетағйир боқӣ гузошт. Ин қарор 3 июн қабул шуд, гуфт Икромиддин Айткулов, вакили мудофеи вазири пешин.

Айткулов гуфт, додгоҳи олӣ дар рафторҳои Конгантиев таркиби ҷиноятро пайдо накард.

Ба гуфтаи вакили дифои вазири пешин, дар мурофиаҳои гузашта шахсоне бозпурсӣ шуданд, ки дар доираи парвандаи марбут шоҳиди ҳодисаи 24 марти соли 2005 дониста мешуданд. Яке аз шоҳидон - раҳбари пешини бахши Бонки миллии Қирғизистон дар Ҷалолобод Мелис Ботирбеков гуфтааст, даъвое надорад.

Конгантиев дар хунукназарӣ айбдор мешавад. Ӯ соли 2005, ҳангоми сардори Идораи ҳаракат дар роҳҳо буданаш дархости кумаки Ботирбековро, ки латукӯб ва таҳдид шуда буд, рад кардааст. Вале ба гуфтаи вакили дифоъ, Ботирбеков гуфтааст, ки Конгантиев барои берун бурдани хонаводааш кумак карда буд.

Парвандаи дувуми Конгантиев бо ҷурми "берун баромадан аз доираи салоҳиятҳо" боз шуда, ба ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 марбут аст.

Кумитаи амнияти Қирғизистон 18 июни соли гузашта гуфт, парвандаи ҷиноии зидди вазири пешини умури дохилии ин кишвар ба иллати ҷой надоштани ҷиноят дар амалҳои ӯ дар моҳи апрели соли 2010 қатъ шуд.

Вале як моҳ пас президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба Додситонии кулли ин кишвар дастур дод, ки парвандаро омӯзад ва ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Додситонӣ низ пас аз омӯзиш қарори Кумитаи амниятро бекор карда, парвандаро барои санҷиш бозпас фиристод.

Генерал-лейтенанти милитсия Молдомуса Конгантиев аз моҳи январи соли 2008 то моҳи апрели соли 2010 вазири умури дохилии Қирғизистон буд.

Вазорат гуфт, талафот аз COVID-19 дар Тоҷикистон зиёд шуд. Инфографика

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 91 мавриди собитшудаи бемории СОVID-19-ро сабт кардааст ва як нафар низ бар асари ин беморӣ ҷон додааст.

Дар умум, ба гуфтаи вазорат, то рӯзи 3-юми июн дар саросари Тоҷикистон 4191 нафар ба бемории нав гирифтор шудаанд ва 2347 нафар аз бемории ҳамагир шифо ёфтаанд.

Талафот аз беморӣ дар кишвар 48 нафар ҳисоб шудааст. Аммо мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва маргумир аз СОVID-19 дар Тоҷикистон зиёд аст ва мақомот ҳақиқатро дар бораи беморӣ пинҳон медоранд.

Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи беш аз 400 нафарро дарҷ кардаанд ва дар як ҳафтаи ахир номи 20 нафар ба он шомил шудааст.

Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавируси нав ба кишвар сироят кардааст, ҳарчанд бо назардошти фавти чандин нафар аз бемории, ба гуфтаи мақомот, "илтиҳоби шуш" мутахассисон мегуфтанд, беморӣ вуҷуд дорад.

Баъди радду бадалҳо бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳе аз мутахассисони созмонро ба Душанбе даъват кард. Пеш аз вуруди ҳайат ба кишвар дар рӯзи 30-юми апрел Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки "15 мавриди сирояти СОVID-19" дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Аз собиқадорони ҷанг дар Туркманистон харҷи туҳфаҳои давлатиро талаб доранд

Ишқобод. Моҳи майи 2018

Отаниёзи 90-сола, сокини ноҳияи Дарганати Туркманистон дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ақибгоҳ хизмат кардааст. Соли гузашта ҳукумати Туркманистон тасмим гирифт, ки ба муносибати 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ собиқадоронро қадрдонӣ кунад.

Аммо ин қадрдонӣ барои Отаниёз ташвиши иловагӣ ба бор овард.

Мақомоти ноҳияи Дарганит собиқадоронро маҷбур карданд, ки харҷи туҳфаҳои давлатиро пардозанд. Ба ҷуз ин, аз собиқадорон талаб карданд, ки ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти туҳфаҳо омода кунанд.

"Дар Лебап аз шаҳрвандоне, ки мебоист туҳфа ва медал дарёфт кунанд, 28-долларӣ ҷамъ оварданд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Отаниёз ҳам гуфт, ки барои дарёфти медал ба ҳукумати ноҳияи Дарганит 1000 манат, муодили 28 доллар пардохт кардааст.

Соли ҷорӣ Туркманистон 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳониро бо шукуҳ таҷлил кард.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, ки собиқадорони ҷанг бо медали 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ қадрдонӣ шаванд.

Дар Норилски Русия вазъи фавқуллода эълон карданд

Корҳо барои поксозии рӯдхона идома дорад. Акс аз рӯзи 2 июни соли 2020

Баъди рехтани солярка ба яке аз рӯдхонаҳои шаҳри дурдасти Норилски Русия, мақомот дар инҷо вазъи фавқуллода эълон карданд. Маводи сӯхт, ки аз як нерӯгоҳи барқӣ ҷорӣ шуд, мумкин аст, барои табиат ва муҳити осебпазири Арктика фалокатбор бошад.

Рӯзи 29-уми май 20 ҳазор литр солярка аз нерӯгоҳи барқи бухорӣ дар шаҳраки саноатии Норилск дар наздикии Ҳалқаи Арктикӣ берун рехт. Бунёди Ҷаҳонии Табиат аксҳои рӯдхонаҳои Далдикан ва Амбарнаяро нашр кард, ки дар он доғҳои бузурги сурхи солярка дида мешавад.

Табиатшиносон мегӯянд, мумкин олудагӣ то ба кӯли Пясино бирасад, аммо васоили муҳофизатӣ аз олудагӣ, ки дар маҷрои рӯдхонаҳо гузоштаанд, пеши роҳи соляркаро андаке гирифтааст. “Росриболовство” – идораи моҳигирии Русия рехтани сӯзишворӣ ба рӯдхонаро “фалокати зистмуҳитӣ” номидааст.

Дмитрий Колков, сухангӯи идора гуфтааст, ки шояд барои барқарор кардани муҳити маъмулии ҳавзаи об дар минтақа даҳсолаҳо лозим шавад. “Норилск Никел, муттасадии нерӯгоҳи барқӣ бухорӣ гуфт, ки об шудани замини яхбаста, сабаби беҷо гаштани сутунҳои анбори солярка ва рехтани он шудааст.

Дар Норилск, ки бузургтарин тавлидкунандаи никел ва палладиум дар ҷаҳон аст, 180 000 нафар зиндагӣ мекунанд ва тағйири иқлим сабаби обшавии заминҳои яхбаста ва осеб дидани зербунёдҳо дар инҷо шудааст, ки рӯи чунин заминҳо сохта шудаанд.

Донишманди эрониро дар Амрико озод карданд

Сирус Асғарӣ ба дуздии асрори тиҷоратӣ муттаҳам мешуд.

Як донишманди эронӣ, ки дар Амрико боздошт шуд, ин кишварро тарк карда ва дар роҳ ба сӯи ватанаш аст. Мақомоти Эрон дар ин бора рӯзи 2-уми июн хабар доданд, вале гуфтанд, ки раҳоии ӯ ҳеҷ робитае ба табодули зиндониён байни ду кишвар надорад.

Сирус Асғарӣ, пажӯҳишгар ва профессори Донишгоҳи Технологии Шариф соли 2016 ба талош барои дуздии асрори тиҷоратӣ аз як донишгоҳ дар иёлати Оҳайо муттаҳам ва дастгир шуд. Ӯ тамоми иттиҳомотро рад кардааст ва моҳи ноябр додгоҳи федералие дар Амрико ӯро орӣ аз гуноҳ эълон кард.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон бозгашти Асғариро, ки бо ҳавопаймое аз Амрико бармегардад, “хабари хуш” номид. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Аббос Мусавӣ, донишманди эронӣ рӯзи 3-уми июн ба Теҳрон бармегардад.

Раҳоии ӯ сару садо ба вуҷуд овард, ки мумкин аст, Амрикову Эрон зиндониёнро табодул мекунанд, вале ҳарду кишвар ин гуфтаҳоро рад кардаанд. Баъд аз онки раиси ҷумҳур Доналд Трамп, соли 2018 Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон берун кард, хусумат миёни ду кишвар авҷ гирифт.

Дар Париж сокинон зидди хушунати пулис эътироз карданд

Дар шаҳри Париж ҳазорон нафар дар эътирозҳои зидди хушунати пулис ширкат карданд.

Ин эътироз дар солгарди фаронсавии сиёҳпӯст, Адам Траореи 24-сола баргузор гардид. Траоре дар соли 2016 баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид.

Сарфи назар аз манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар робита ба коронавируси нав, ба иттилои мухталиф дар эътирози ахир аз 15 то 20 ҳазор кас ширкат кард.

Эътирози сокинони Париж дар ҳолест, ки дар Амрико ҳам баъди марги Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст зери пойи пулис, сокинон даст ба эътироз ва харобкорӣ заданд.

Дар ИМА аз 26-уми май ба ин тараф эътирозҳои зидди хушунати пулис давом доранд. Ҷорҷ Флойди 46-сола баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид. Дар чанде аз шаҳрҳои ИМА эътирозҳо ба бетартибиҳо мубаддал шуданд.

Парвозҳои дохилӣ дар Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд

Фурудгоҳи байнулмилалии "Манас" дар шаҳри Бишкек

Парвозҳои дохилӣ дар Қирғизистон, ки дар пайи густариши коронавируси нав қатъ гашта буданд, 5-уми июни имсол аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни минтақаҳо оғоз мешавад.

Муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов ҳушдор дод, ки назорат дар нақлиёти ҷамъиятӣ бояд сахт ба роҳ монда шавад. Пӯшидани ниқоб ва санҷидани ҳарорати бадан ҳангоми дохил шудан ба нақлиёт ҳатмӣ хоҳад буд.

"Ҳамагуна ташкили интиқоли мусофирон тавассути автобус ё таксӣ бояд бехатар бошад. Бояд мутмаин бошем, ки мусофирон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сафар мекунанд", - гуфт Боронов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон барои мубориза бо вирус.

Пештар хабар доданд, ки парвозҳои дохилӣ аз 8-уми июн дар Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд.

Дар Қирғизистон парвози ҳавопаймоҳо дар миёнаҳои моҳи марти имсол, баъди ошкор шудани коронавирус қатъ шуд. Аз 22-юми март дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом ва дар шаҳрҳои бузургтарин аз 25-уми март вазъи фавқулодаи шадид ҷорӣ гашт.

Дар Амрико нигаронанд, ки тазоҳурот, бемории навро зиёд мекунад

Тазоҳурот дар назди Кохи Сафед ҳам баргузор шуд.

Идомаи тазоҳурот дар чандин шаҳри Амрико сабаби авҷ гирифтани нигарониҳо шудааст, ки издиҳомҳои бузург метавонанд, сабаби доман задани коронавирус дар кишваре, шаванд, ки бештар аз дигарон аз СOVID-19 осеб дидааст.

Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо теъдоди беморон камтар шудааст ва онҳо маҳдудиятҳои ҳаракату кор сабуктар мекунанд. Итолиё, ки аз ҳама пештар дар Аврупо ҷабри коронавирусро кашид, аз рӯзи 3 июн сафар ба кишварро иҷоза доданд. Фаронса ҳам дари ресторанҳоро ба рӯи мизоҷон боз кард.

Дар Амрико ҳашт рӯз боз аст, ки тазоҳурот ба зидди табъизи нажодӣ идома дорад. Ҷероме Адамс, мудири Хадамоти сиҳҳати омма дар Амрико гуфт, тазоҳурот мумкин аст, сабаби хуруҷи дигарбораи беморӣ шавад, ҳарчанд бисёре аз тазоҳургарон ниқоб мепӯшанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида коронавируси нав то кунун ба 1.8 миллион нафар сироят карда, 106 ҳазор нафарро куштааст. Дар саросари ҷаҳон талафот аз ин беморӣ аз 380 ҳазор нафар гузашт ва то кунун 6.4 миллион нафар бемор шудаанд.

Тоқаев такрори эҳтимоли "сенарияи Қрим"-ро дар Қазоқистон рад кард

Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар остонаи сафараш ба шаҳри Маскав, ки қарор аст 24-уми июн баргузор шавад, дар суҳбат бо расонаҳои Русия эҳтимоли сурат гирифтани "сенарияи Қрим" ё "сенарияи Донбасс"-ро дар кишвараш рад кард.

"Ин гуна пешбиниҳо асоси воқеӣ нахоҳанд дошт. Ба эҳтимоли зиёд, ҳадаф аз онҳо ноором кардани вазъ дар Қазоқистон ва ба ҳам задани ҳусни ҳамҷавориву робитаҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар аст. Пешбиниҳои ҳамсонро танҳо одамони бесавод, бадбин ва онҳое ироа мекунанд, ки бо оҳанги дигарон месароянд", - изҳор дошт Тоқаев рӯзи 2-юми июн дар суҳбат бо нашрияи "Комсомолская правда".

Ӯ гуфт, Нурсултон ба Давлати муттаҳидаи Русия ва Беларус, ки ҳоло Маскав тақвияти онро аз Минск талаб дорад, нахоҳад пайваст ва самти беҳтар барои Қазоқистон рушди минбаъдаи ҳамгироӣ дар доираи иттиҳодияҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.

Президенти Қазоқистон афзуд, нақшаи лотинисозии алифбои қазоқиро бе "тезондани сунъӣ" иҷро карда, русҳо дар ин кишвар аз "тамоми ҳуқуқ" бархӯрдор ҳастанд.

Ҳамчунин илова кард, ки масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Қазоқистон баррасӣ нахоҳад шуд.

Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистонро ба ватан оварданд

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки 237 шаҳрванди дармондаи кишварро аз марзи Қазоқистону Узбекистон ба ватан овардаанд. Ин нафарон дар пайи баста шудани марзҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус, дар марз дармонда буданд.

Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, шоми 2-юми июн шаҳрвандони Тоҷикистон аз гузаргоҳи "Жибек Жолӣ" ба хона баргаштанд. ВКХ ба мақомоти Узбекистон ва Қазоқистон изҳори ташаккур кардааст, ки барои убури бемамониати сарҳад мусоидат карданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуфтаи худашон чандин ҳафта аст, ки дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармонда, мунтазири бозгашт ба ватан буданд. Ин афрод бо ирсоли чанд навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар шароити сахте ба сар мебаранд ва рӯйи фарш хоб мекунанд.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон "ду моҳ пеш" ба гузаргоҳи марзӣ омада, дармонданд ва дигарон тадриҷан "се-чаҳорнафарӣ" ҳафтаҳои охир дар инҷо ҷамъ шуданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG