Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: 12 даҳшатафкан ба қатл расиданд


Расонаҳои хабарии Эрон иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз полиси ин кишвар дар вилояти ҷанубу шарқии Систон-Балуҷистон 12 шахси муттаҳам бо даҳшатафканиро ба қатл расонд. Телевизиони Ҷумҳурии исломӣ мегӯяд, полис гурӯҳи зиддиинқилобиро, ки харобкорӣ, ташкили эътирозҳои қавмӣ ва бомбгузориҳо дар саросари Эронро мадди назар гирифта буд, таъқиб кард.
Дар Эроншаҳр, ки дар 1600 километрии Теҳрон қарор дорад, полис бо гурӯҳи муттаҳам дар фаъолиятҳои террористӣ бархӯрд намуда, раҳбари даста ва 11 пайрави ӯро ба ҳалокат расондааст. Тафсилоти бештар дастрас нашудааст.

Видеоҳои охирин

Русия ба Сурия системаи зиддимушакӣ медиҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG