Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли Нато ба Токио рафтааст


Дабири кулли паймони Нато Яап де Ҳооп Схеффер умед дорад, ки Япония ва ё Ҷопон дар бозсозии Афғонистон саҳми бештаре бар дӯш хоҳад гирифт. Схеффер, ки имрӯз бо сафари серӯза ба Токио рафтааст, ба аҳамияти иҷрои амалиёти баҳрӣ таъкид кард.
Дар амалиёти байналмилалии зери раҳбарии ИМА бар зидди терроризм Япония дар уқёнуси Ҳинд гаштҳои баҳрӣ амалӣ мекард. Киштиҳои ин кишвар ба минтақаи уқёнуси Ҳинд маводи сӯхт интиқол дода, террористон ва қочоқчиёни маводи мухаддирро таъқиб менамуданд.
Моҳи ноябр ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Япония бар зидди тамдиди ҳузури киштиҳояшон овоз дода, муваффақ шуданд, ки низомиёнашонро ба ватан баргардонанд.
XS
SM
MD
LG