Дар натиҷаи яке аз таркишҳо бинои дафтари СММ дар умури паноҳандагон осеб дид. Бомби дувум дар назди бинои Додгоҳи олии Алҷазоир инфиҷор карда мунҷар ба марги чанд донишҷӯи донишгоҳ гашт, ки он замон савори автобус будаанд.
Алорағми иттилооти бемористон, ки гуфтааст, дар натиҷаи таркишҳо дасти кам 62 нафар ба ҳалокат расид, вазорати дохилаи Алҷазоир хабар дод, ки ҳамаги 22 шахс кушта шуд.
Дабири кулли СММ Бан Ги Мун, ки дар кори конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйри иқлим дар Индонезия ширкат мекунад, ин амали террористиро шадидан маҳкум намуд.
Бан Ги Мун дастур дод, то ки барои ҳифзи кормандон ва дафтарҳои СММ дар Алҷазоир чораҳои амниятӣ тақвият шавад. Сухангӯи СММ дар мақарри ин созмон дар шаҳри Ню Йорк хабар дод, ки миёни кушташудагон кормандони СММ низ будаанд.
Шӯрои Амнияти СММ бо нашри изҳорот ин амали террористиро қотеъона маҳкум намуда, таъкид бар он дошт, ки тарҳрезони ҳамла бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Раиси ниҳоди СММ дар умури паноҳандагон Антонио Гутерес гуфт, ҳеҷ шубҳа надорад, ки ҳадафи аслии иҷрокунандагони ҳамла СММ будааст.
Мақомоти Амрико ин ҳамларо хушунати бераҳмона хондаанд.
Дар изҳороти Кохи сафед раисҷумҳур Ҷорҷ Буш ва ҳамсараш ба ҳамаи хешовандони қурбониёни ин ҳамлаи даҳшатафкан ҳамдардии худро изҳор намудаанд. “Мо ин ҳамлаи душманони инсониятро ба дафтари СММ маҳкум мекунем”, гуфта мешавад дар изҳорот.
Раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки ҳафтаи гузашта аз Алҷазоир боздид карда буд, дар қатори аввалинҳо ба таркишҳо вокуниш нишон дод. Зимни сӯҳбати телефонӣ бо раисҷумҳури Алҷазоир, Саркозӣ ин амали ваҳшиёнаро мақкум кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ ҳамларо маҳкум намуда кумаки кишварашро дар муқобила бо терроризм пешниҳод кард.
Силсилаи ҳамлаҳои ҳамсони қаблиро, ки аз аввали сол дар қаламрави Алҷазоир анҷом шуда мунҷар ба марги беш аз 100 нафар гашта будаанд, бахши алҷазоирии ал-Қоида ба зимма гирифта буд. Кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Либия, Мағриб, Тунису Туркия бо як овоз бомбгузориҳоро маҳкум намудаанд.
Охир то кая мардумро фиреб мекунед шарм кунед камтарак не чойи кору не пулу не мол ба хама аз муаллиму донишчу ректор зулм кардан бас аст ин Халк 1 мох баьд бинед чи ходиса мешавад ба ин бекори
Демократияву адолати аврупои ана инро мегуянд! Дар мо барои як лайк ё коммент аз 10 то 15 соли умри чавонои нозанина паси панчара бурданд. Гур дар сари шуравиву чахони рус! Хама вахшигариву, хашму нодурустихо аз хамонхо ба мо меърос мондааст. Мо точикон бештар бояд бо Аврупо равобити хуб баркарор кунем, на барои кор, балки барои тахсилот. Насихат барои чавонои хунгарм. Мухочирон дар Хабаша беодоби намекарданд! Лутфан одобу ахлоки накуро пеша кунед!
Бисёр чизхо шуданаш мумкин дар манаполя
Хаммаи ин сахтгирихо дар масчидхо мешавад то ин ки агар мабодо амр шавад себора махкам кардани масчидхо бахонаи тайёр хаст. Намозгузорон Ба коидахо риоя накарданд !!! Аммо дар наклиёти мусофирбар ва бозору магозахо ва диско клубхо ЯГОМ коидахои бехдошти ва ё хушдори аз вируси сирояти вучуд надорад. МАКОМОТ Аз АЛЛОХ шарм кунед камтаракам бошад. Наход ин вирусе ки раиси Чумхур худаш коил шуд ки ба кайд гирифта нашудааст дар масчидхо бошад ???!!!!! Масчид хонаи Аллох мебошад наход инкадар бекадр бошад . Дар тамоми олам дари масчидхоро боз карданд магар дар Точикистон охирон холо ки аглабияти мусалмон мебошад АЛХАМДУЛИЛЛАХ
Шарм надошта рахмонуф ба мардум дуруг мегуяд - о дируз Точикистон аз чомеаи чахони 2 миллион ваксина талбандаги кард, хайр ба рахмонуф дуругу хиллабози одат шудааст