Сарвари Қазоқистон ин нуктаро дар нишасти намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ 10 декабр дар Остона баён намуд. Ва бо ин таъкид кард, ки аз ин ба баъд кишвараш бештар хостори на ба бахши ашёи хом, балки ба риштаҳои тавлидотӣ сармоягузорӣ кардани ҳамкорони хориҷиаш аст. Раисҷумҳури Қазоқистон дар ин робита ҳамчунин афзуд, мо интизори ширкати фаъоли сармоягузорони хориҷиамон дар бунёди Қазоқистони санъатӣ ва ҳамчунин ҷалби фанновариҳои навин ва сармоягузорӣ ба риштаҳои тавлидотии иқтисод ҳастем. Ва маҳз ба чунин ҳамкоронамон, ки дар санъатисозии кишвар ширкат меварзанд, мо дар оянда низ ҳангоми дар ихтиёр гузоштани конҳои захоири энергетикӣ ва маъдан бартарият медиҳем.
Сарвари Қазоқистон чунин бархурд ва муносибатро ҷавобгӯи манофеъи ҳам кишвараш ва ҳам сармоягузорон донист. Раисҷумҳур ҳамчунин дар ин нишаст бори дигар баҳс сари кони Қашағанро ёдовар шуд. Вай гуфт, Қазоқистон ҳамеша ҷонибдори риояти манофеъи хеш ва ҳам сармоягузорон аст ва музокирот атрофи Қашағанро бояд чун як раванди мукаррарӣ қабул намуд. Раисҷумҳур гуфт, музокироте, ки атрофи Қашаған ҷиҳати таъмини манофеъ ва амнияти Қазоқистон пеш мебаранд, набояд касеро ба чунин андеша оварад, ки гӯё Қазоқистон аз сиёсати пешгирифтааш, яъне роҳи иктисоди бозаргонӣ ва садоқаташ ба тавофуқномаҳои қаблан ба имзо расонида канор меравад. Дар ҷараёни рушди хеш мо баъзе нуктаҳоеро, ки дар онҳо манфиатҳои кишвар халалдор шудаанд, таҷдиди назар менамоем, таъкид намуд сарвари Қазоқистон.
Чунин бархурди Қазоқистонро дар робита ба ширкатҳои нафтии хориҷӣ иқтисодшинос Қанат Берентаев дуруст мешуморад. Вай гуфт, агар ҷонибе шартҳои тавофуқномаро халалдор намояд, ҷониби дигар ҳақ дорад, ба таври якҷониба тавофуқномаро лағв намояд ва ё ба шартҳои он тағйирот ворид созад ва дар ин масъала Қазоқистон дуруст бархурд менамояд ва тағйири қарордодро талаб мекунад. Зеро, ба андешаи оқои Берентаев, ширкатҳои нафтии хориҷӣ, аз ҷумла ширкати итолиёии «ЕНИ» мӯҳлати истихроҷи нафтро чанд карат ба таъхир андохт ва дар натиҷа кишвараш аз миллиардҳо доллар маҳрум гардид. Ҳамчунин ба таъхир афтодани мӯҳлати баҳрабардории кони Қашаған ба дурнамои рушди иқтисоди кишвар низ таъсири номатлуб мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки Қашаған бузургтарин кони нафт дар ҷаҳон аст, ки таи 30 соли ахир кашф гардидааст. Ин кон, тибқи ҳисоби қаблӣ, ҳадди ақал 7- 9 миллиард бӯшка нафт дорад. Моҳи июли соли равон ширкати «ЕНИ» ба ҳукумати Қазоқистон пешниҳод кард, ки мӯҳлати оғози баҳрабардории кон аз нимаи дуюми соли 2008 ба нимаи дуюми соли 2010 гузаронида шавад ва ҳамзамон масрафи баҳрабардории конро аз 57 миллиард доллар ба 136 миллиард доллар расонанд. Вале Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон комилан ба ин пешниҳод мухолиф аст. Вай ҳафтаи кабл гуфта буд, ки мунозироти миёни сармоягузорон ва ширкатҳои нафтӣ бо кишвараш танҳо аз роҳи пардохти ҷуброни молӣ ё аз роҳи боло бурдани саҳмияҳои давлати Қазоқистон ҳал хоҳад шуд. Саҳми Қазоқистон дар ин кони бузург алъон ҳамагӣ 8 дарсад аст.
Камтар сабр кунед, бародарон. Як-ду моҳи дигар ҳаво сардтар аст. Худо хоҳад сарҳади Русия дар фасли гармо кушода мешавад. Ба умеди вазорати шуғли аҳолӣ нашавед. Рафта Шумо фиреб хурдед аз дасти намояндаҳои ин вазорат коре намеояд чунки гапи онҳо дар як милисаи қатории ППС намегузарад. Ҳушёр бошеду "зираки"ро аз даст надиҳед.
Армияи конракти барои Точикистон зарур аст, на кад кади кучахо чавонхои бечора ро дастгир кардан! Агар армияи контракти бошад, обруй ва кайфияти армия баланд мешавадц
Ин шабохати мухичирони кореяи шимоли дар россия. Кариб гуломи
Ин тиҷорат аст на сиёссиёсатофаринӣ. Сиёсат барои мардум аст на мардум барои сиёсатофар.Ин манфиатхоҳист на хайрияти умум ва иқтидори ҳарбӣ.Чи аҷобо агар ростгуед оё метавонед бо роҳи одилонатар берун аз маҷбурият роҳи рушд ва таррақиро дар самти сиёсатофаринии хеш пойдо намринӣ.Оё маблағи муайянгардида ба ММД-и милли мувофиқ ва мувозист.Ва агар дар воқеъ сиёсатофар ва шоистаи тахассуси худ ҳастед.Боз як зулми капитализм.Қонуни ҷангал.Ин ас паёми ман ҳамчун як шаҳрванди озод ва адолатхоҳ ба саркардагони ин иқдом.
Точикистон ба чои чойи кор ташкил кардан барои шахрвандош гулом тайер карда Иркутск равон кардестай