Имруз Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, мунозироти миёни сармоягузорон ва ширкатҳои нафтии кишвараш ё аз роҳи пардохти ҷуброни молӣ ё аз роҳи боло бурдани саҳмияҳои давлати Қазоқистон ҳал хоҳад шуд. Як консорсиюми иборат аз 7 ширкати нафтӣ дар полоишгоҳҳои нафти Дарёи Хазар зери раҳбарии ширкати итолёии ЭНӢ кор мекунад. Ба сабаби чунин мунозираҳо онҳо дар истихроҷи нафт таъхир кардаанд. Қазоқистон танҳо 8 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дорад.