Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як таркиш дар Душанбе


Таркиш якчанд хонаи ин биноро хароб кардааст, 07 декабри 2007
Таркиш якчанд хонаи ин биноро хароб кардааст, 07 декабри 2007

Зуҳри имрӯз, 7 декабр, дар яке аз биноҳои истиқоматии ноҳияи марказии шаҳри Душанбе таркиши шадид рух дод.

Таркиш дар ошёнаи сеюми бинои чорошёна, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қаробоев дар наздикиҳои Сирки давлатӣ, ба вуқуъ пайвастааст ва дар натиҷаи он якчанд хонаи ин бино валангор шуда, 6 нафар ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ таркиши гази табиӣ гуфта мешавад, вале ин ривоят то ҳол таъйид нашудааст.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса, қувваи таркиш хеле зиёд будааст ва бар асари он хонаҳои ду ошёнаи болои маркази инфиҷор фуру рехтаанд. Аз зарбаи сахти таркиш ҳамчунин биноҳои наздик хисорот дидаанд ва тирезаҳои онҳо пора гаштааст.

Тибқи иттилоъи расида аз маҳалли қазия, аз бинои таркида шаш нафари сахт ҷароҳатбардошта ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Тайи як моҳи ахир ин дуввумин ҳодисаи таркиш дар бинои истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад. Чанде қабл дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе таркиши гази табиӣ рух дода буд, ки дар натиҷаи он ду нафар ҷони худро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG