Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" чи созмонест?


5-уми ноябр дар Маскав анҷумани тоҷикистониёни Русия баргузор шуда буд. Дар он созмони наве бо номи "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия" ташкил шуд. Ҳарчанд ки то ҳол дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар созмонҳои худҷӯши иҷтимоъӣ ё фарҳангии тоҷикон фаъолият мекард, созмондиҳандагони он дар ин анҷуман эълон карданд, ки дар иттиҳодияи нав аксари чунин созмонҳои тоҷикон намояндагӣ мекунанд.

Абдуллоҳи Сатторӣ
Ширкаткунандагони анҷуман Абдуллоҳи Сатторӣ (Давлатов)-ро раиси иттиҳодия интихоб карданд. Мо дар як суҳбати ихтисосӣ нахуст аз оқои Сатторӣ пурсидем, ки дар як кишвари хориҷӣ то чи андоза ташкили чунин созмони тоҷикон заминаҳои қонунӣ дорад?
– Мо 5-уми ноябр анҷумани таъсисии худро баргузор кардем ва акнун тибқи қонунҳои Русия дар давоми се моҳ бояд ҳуҷҷатҳои худро барои сабтином омода кунем.
– Ҳадафҳои аслии ин иттиҳодия аз чи иборат аст?
– Ҳадафи нахуст ин аст, ки маданияту фарҳанги Тоҷикистону тоҷикистониёнро дар Русия муъаррифӣ кунем, то мардуми рус ва мардумони дигари муқими ин кишвар донанд, ки дар Русия тоҷикон ҳам ҳастанд ва маданияти тоҷикон низ ҳаст. Ҳадафи дигар ҷонибдорӣ аз забон, фарҳанг ва маданияти тоҷикон аст. Чун бо амри таърих ҳоло бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба сар мебаранд, мо бояд, албатта, аз онҳо ҳам пуштибонӣ кунем – пуштибонии ҳуқуқӣ ва иҷтимоъӣ.
– Чун иттиҳодияи шумо дар Маскав ташкил шуд ва Русия кишвари паҳновар аст ва тоҷикон дар манотиқи мухталифи Русия кору зиндагӣ мекунанд, оё шумо имкон доред, ки дар ҳама манотиқи ин кишвари паҳновар аз муҳоҷирони кории тоҷик ҳимоят кунед?
– Иттиҳодияи мо созмони умумирусиягӣ аст. Дар шаҳрҳои зиёди Русия: Калининград, Карасноярск, Самара, Оренбург, Перм, Санкт-Петербург, Рязан, Твер, Ярославл, инчунин дар Урдмуртия, дар Саха-Якутия... Хулоса, дар 44 минтақаи Русия ҳамин гуна созмонҳои тоҷикон ҳастанд ва ин созмонҳо бо ҳам муттаҳид шудаанд. Бе муттаҳидшавӣ ҳам ин созмонҳо дар бисёр ҷойҳо бисёр корҳои хуб анҷом медиҳанд, аз мардуми мо аз фарҳанги мо ҳимоят мекунанд. Якҷояшавии мо ин аст, ки якҷоя кор боз ҳам беҳтар мешавад. Мо ба якдигар маълумот медиҳем, то пайваставу мустақим бо ҳам муносибат ва иртибот дошта бошем.
– Оё созмонҳои шумо дар минтақаҳо ва ё иттиҳодияи шумо дар Маскав бо ниҳодҳои маҳаллии Русия ва мақомоти маҳаллии он иртибот доранд ва ҳамкорӣ мекунанд, то мушкилоте, ки бо муҳоҷирон пеш меояд, аз ин роҳ ҳал шавад?
– Мо, албатта, бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ дорем ва вазифаи аслии ин созмон ҳам ҳамин аст, ки барои ҳалли мушкилоти тоҷикистониёни инҷо робита барқарор кунем. Масалан, баъд аз анҷумани мо аз порламони Русия ва аз вазорати дохилаи ин кишвар, аз пулиси Маскав ва созмонҳои миллатҳои дигар занг заданд ва нома фиристоданд, ки мехоҳанд бо мо ҳамкорӣ кунанд. Аз шаҳрдории Маскав гуфтанд, ки дар таҳияи қонунҳо, баргузор кардани ҷашнҳои миллӣ, масалан, Наврӯз, бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Дар минтақаҳо ҳам бо мо ҳамкорӣ мекунанд.
– Ва бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар қаламрави Русия чи тавр, масалан, бо сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, ва агар консулгариҳо ҳастанд дар манотиқи дигар?
– Мо, агар бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия ҳастанд, ҳамкорӣ накунем, кумак кардани мо ба муҳоҷирон мушкил мешавад. Аз замоне, ки сафири нав омадааст, дар ҳамкориҳои мо беҳбудӣ мушоҳида мешавад. Мехоҳем, ки дар оянда ҳам ҳамин хел ҳамкорӣ бошад.
– Оқои Сатторӣ, медонед, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик аз Тоҷикистон ба таври худҷӯш ба ин кишвар меоянд, бидуни он ки бо ниҳодҳои давлатӣ дар тамос шаванд. Ба ин хотир, онҳо баъд аз омадан ба Русия дар гирифтани қарордоди корӣ, сабтином ва амсоли он ба мушкил гирифтор мешаванд. Дар натиҷа худи онҳо бо пулис мушкил пайдо мекунанд, ғайриқонунӣ будани онҳо ошкор мешавад. Оё дар ҳамин замина ҳам иттиҳодияи шумо корҳое хоҳад кард, то ин мушкил пеш наояд ва ба муҳоҷирини тоҷик кумаке шавад?
– Дар ҳақиқат ҳам, ин яке аз мушкилиҳост. Ҳоло як хубии кор ин аст, ки мо бо намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар умури муҳоҷират як мулоқот доштем ва барномаҳое, ки ҳоло ҳаст, кӯшиш мекунем, то ҳарчи зудтару хубтар онҳоро амалӣ кунем. Ҳоло дар Тоҷикистон коллеҷҳо ташкил шудааст ва муҳоҷиронеро, ки ба Русия меоянд, касб меомӯзонанд ва забони русӣ меомӯзонанд. Мо бисёр мехоҳем, ки онҳо бо мо ҳамкорӣ кунанд, то пеш аз омадани онҳо мо маълумот дошта бошем ва мушкили онҳоро ҳал кунем.
– Оё имкони ташкили мулоқот бо муҳоҷирон дар минтақаҳо вуҷуд дорад, то ки онҳо дар ин гуна мулоқотҳо аз ҳуқуқи худ огаҳ шаванд ва битавонанд аз худ дифоъ кунанд?
– Рости гап, мушкилоти зиёд дар ҳамин Маскав аст. Созмонҳои тоҷикону тоҷикистониёне, ки дар минтақаҳо ҳастанд, беҳтар кор мекунанд. Ҳарчанд ман дар Маскав ҳастам, эътироф мекунам, ки дар минтақаҳо вазъ хеле хубтар аст нисбат ба Маскав. Хуб, Маскав Маскав аст...
– Оё бо созмонҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар низ ҳамкорӣ мекунед?
– Чизе, ки дар чаҳорчӯбаи қонунҳои Русия ҳаст, ба мо касе халал намерасонад ва мо ҳамкорӣ мекунем. Масалан, бо созмони ҷаҳонии муҳоҷират, бо созмони ҷаҳонии кор ва созмонҳои дигари байнулмилалӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои Русия ҳамкорӣ мекунем ва онҳо ба мо кумак ҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG