Натиҷаи назарсанҷӣ ҳокӣ аз он аст, ки, ба эътиқоди 80 дарсади пурсидашудагон, нуфузи Русия дар сиёсати ҷаҳонӣ бештар мегардад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ 77 дарсади пурсидашудагон чунин ақида доштаанд. Аксарияти пурсидашудагон аз ҳама гурӯҳҳо, ки вобаста ба синну сол, сатҳи даромад ва муносибат ба фаъолияти президенти ин кишвар табақабандӣ шудааст, аз нуфузи афзояндаи Русия дар ҷаҳон таъкид намудаанд.
Аммо гуфта мешавад, ки бештар аҳолии ҷавон ва нафароне, ки дар Русия даромади хуб доранд, нисбат ба ин масъала хушбин будаанд. Ин назарсанҷӣ муайян намудааст, 78 дарсади пурсидашудагон, ки синнашон аз 45 болост, муҳимияти нақши Русия дар сиёсати ҷаҳониро эътироф мекунанд, аммо дар миёни ҷавонони зери сини 24 пуштибонҳои ин ақида 86 дарсадро ташкил медиҳад.
Танҳо 63 дарсади нафароне, ки даромади миёнаи онҳо барои ҳар як узви оила моҳе 1500 рубли русӣ аст, қабул доранд, ки дар ин самт беҳбуд ба назар мерасад. Аммо дар ҳамин ҳол 89 дарсади пурсидашудагоне, ки даромадашон ба беш аз 5000 рубл мерасад, ба устувории мавқеъи Русия дар ҷаҳон шубҳа надоранд.
Натоиҷи ин назарпурсӣ ҳокист, ки дар шаҳрҳои бузурги Русия тарафдорони ақидае, ки ин кишвар торафт дар ҷаҳон мавқеъи устувор касб мекунад, бештар будааст. Барои мисол дар рустоҳҳо ва шаҳрҳои хурд 77 дарсад, дар шаҳрҳои миёна - 81 ва дар пойтахт 88 дарсади пурсидашудагон тарафдори бурузурманишии Русия мебошанд.
Дар миёни шаҳрвандони Русия, ки ҷонибдори фаъолияти Владимир Путин раисҷумҳури кунунии ин кишваранд, 85 дарсадашон бар он боваранд, ки Русия тавонистааст дар чанд соли ахир нақши худро дар сиёсати ҷаҳонӣ муассир намояд. Вале танҳо 62 дарсади пурсидашудагон, ки раёсати ҷумҳурии кунуниро намепазиранд, афзоиши нуфузи Русия дар ҷаҳонро қабул доранд.
Камтар сабр кунед, бародарон. Як-ду моҳи дигар ҳаво сардтар аст. Худо хоҳад сарҳади Русия дар фасли гармо кушода мешавад. Ба умеди вазорати шуғли аҳолӣ нашавед. Рафта Шумо фиреб хурдед аз дасти намояндаҳои ин вазорат коре намеояд чунки гапи онҳо дар як милисаи қатории ППС намегузарад. Ҳушёр бошеду "зираки"ро аз даст надиҳед.
Армияи конракти барои Точикистон зарур аст, на кад кади кучахо чавонхои бечора ро дастгир кардан! Агар армияи контракти бошад, обруй ва кайфияти армия баланд мешавадц
Ин шабохати мухичирони кореяи шимоли дар россия. Кариб гуломи
Ин тиҷорат аст на сиёссиёсатофаринӣ. Сиёсат барои мардум аст на мардум барои сиёсатофар.Ин манфиатхоҳист на хайрияти умум ва иқтидори ҳарбӣ.Чи аҷобо агар ростгуед оё метавонед бо роҳи одилонатар берун аз маҷбурият роҳи рушд ва таррақиро дар самти сиёсатофаринии хеш пойдо намринӣ.Оё маблағи муайянгардида ба ММД-и милли мувофиқ ва мувозист.Ва агар дар воқеъ сиёсатофар ва шоистаи тахассуси худ ҳастед.Боз як зулми капитализм.Қонуни ҷангал.Ин ас паёми ман ҳамчун як шаҳрванди озод ва адолатхоҳ ба саркардагони ин иқдом.
Точикистон ба чои чойи кор ташкил кардан барои шахрвандош гулом тайер карда Иркутск равон кардестай