Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфтааст, ки замони истиқрори субот ва демукросӣ дар Ироқ наздик аст. Дар фурсати кутоҳе пеш аз суханронии вазири дифоъи Амрико дар Бағдод рӯзи чаҳоршанбе, 6 декабр бар асари як инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар як маҳаллаи бузурги шиъамазҳабони Бағдод дасти кам 14 нафар кушта ва 30 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Пеш аз ин ҳодиса дар шимоли Бағдод, шаҳрҳои Бақуба ва Мосул бар асари бомбгузориву ҳамлаҳо ҳадди аққал ҳашт нафар ҷон доданд.