Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони гурҷии Имедӣ дубора фаъол мешавад?


Идораи додситонии Гурҷистон талаб кардааст, ки ба шабакаи мустақили телевизион бо номи Имедӣ иҷозати аз сар гирифтани фаъолият тақдим шавад. Имедӣ моҳи гузашта бо фармони ҳукумати Гурҷистон замони таъқиби гирдиҳамоиҳои мухолифин аз муҷаввиз маҳрум шуда буд. Мақомоти гурҷӣ ин шабакаро бо пуштибонӣ аз мухолифини ҳукумат муттаҳам мекарданд.
Муттафиқони ғарбии Гурҷистон аз ҳукумати ин кишвар тақозо кардаанд, ки пеш аз интихоботи президентии 5-уми январ қарори манъи фаъолияти Имедиро лағв кунад. Додгоҳи пойтахти Гурҷистон бояд дар давоми 24 соат ба тақозои додситонӣ посух диҳад.
XS
SM
MD
LG