Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистонро назорат мекунанд


Кумитаи назоратии Лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дар нишасти навбатии худ, ки 5 декабр дар Душанбе баргузор мегардад, масоили марбут ба фаъолияти Лоиҳа, монеъа ва мушкилоти соҳаи коркарди мева ва сабзавот ва содирот, беҳбудиҳо дар ин самт ва манофеъи рушди ин соҳаро баррасӣ хоҳад кард.

Армен Заргарян, мушовири рушди тиҷорати минтақавии МБТ гуфт, дар ин нишаст, дар баробари муваффақиятҳои Лоиҳа, ҳамчунин, мушкилот дар сари роҳи Лоиҳа низ матраҳ хоҳанд шуд, аз ҷумла он ки Маркази миллии рушди тиҷорат, ки дар доираи Лоиҳа таъсис ёфта буд, ҳанӯз ҳам ба кори худ оғоз накардааст, ва боз он ки ояндаи Стротежии рушди содироти соҳаи коркарди мева ва сабзавот бинобар тағйироти сохтории ҳукумати Тоҷикистон норӯшан боқӣ мондааст.

Кумитаи назоратии Лоиҳа баҳори соли ҷорӣ бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ва шаффофият дар кори амалигардонии он ташкил шуда будааст, ки намояндаҳои ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва бахши хусусиро фаро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG