Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгори бритониёӣ афв мешавад


Раиси ҷумҳурии Судон Умар Ҳасан Ал-Башир омӯзгори бритониёиро, ки барои таҳқири мазҳабӣ ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шудааст, афв намуд. Ин тасмим як рӯз баъд аз мулоқоти Ал-Башир бо ду сиёсатмадори мусалмони бритониёйӣ дар Хартум гирифта шуд. Додгоҳе дар Судон Гиллиан Гиббонсро 29 ноябр ба 15 рӯзи зиндон маҳкум кард. Гуноҳи вай ин буд, ки ба шогирдонаш иҷоза дод як хирсаки бозичагиро Муҳаммад номгузорӣ кунанд. Қарор аст, ки хонум Гиббонс имрӯз ба озодӣ барояд.

XS
SM
MD
LG