Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафтҳо дар самти таҳримоти нави Эрон


Як дипломати баландпояи амрикойӣ гуфт, ки дар музокироти байналмилалӣ барои ҷорикунии таҳримоти шадидтар болои Эрон дар робита бо барномаи ҳастаиаш пешрафтҳо ба назар мерасад. Николас Бӯрнс, ёвари вазири хориҷаи Амрико гуфт, ки вай "хеле хушнуд" аз он аст, ки бо Чин ба пешрафте даст ёфтаанд. Фишор барои эъмоли таҳримоти нав болои Эрон баъди он шиддат гирифт, ки ҳафтаи гузашта музокироти миёни Иттиҳодияи Аврупову Эрон ба нокомӣ анҷомид.

Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки Сайид Ҷалилӣ, раиси ҳайати музокиротии ин кишвар барои баррасии масоили стратегӣ имрӯз вориди Маскав мешавад. Муҳаммад Алӣ Ҳусайнӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Ҷалилӣ бо мақомоти баландпояи Русия мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG