Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин интихоботро қонунӣ хондааст


Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин интиқодҳои афзояндаи ҷомеаи байналмилалиро аз интихоботи парлумонии кишвараш рад кард. Имрӯз дар як изҳороташ дар заминаи пирӯзии дирӯзаи ҳизби "Русияи Воҳид" вай гуфт, ки натиҷаҳои интихобот қонунӣ мебошад. Вай гуфт, интихобот намоишгари он аст, ки кишвари вай дар роҳи созанда ҳаракат хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки имрӯз нозирони САҲА ва Шӯрои Аврупо гуфтанд, ки интихоботи парлумонии рӯзи 2 декабри Русия ҷавобгӯи бисёр "меъёрҳову тааҳҳудоти" демократӣ набудааст. Нозирон ба "нуфузи аз ҳад зиёди дафтари раёсатҷумҳурӣ ва худи раиси ҷумҳурӣ дар интихобот" таъкид кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ меъёрҳои озодии баён ва ҳақи озодона баргузор кардани ҳамоишҳо вайрон шудааст. Як узви камиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфт, ҳизби "Русияи воҳид"-и президент Владимир Путин аксарияти раъйҳоро ҳифз карда, дар маҷлиси иборат аз 450 курсии Русия 315-торо аз они худ кардааст.
XS
SM
MD
LG