Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти писари як сиёсатмадор дар Ироқ


Дар Бағдод бо гумони узвият дар гурӯҳҳои террористӣ тақрибан 40 нафар боздошт шуданд ва миёни онҳо Аднон Ал-Дулаймӣ - писари як сиёсатмадори маъруфи суннимазҳаб низ ҳаст. Амалиёти вижа субҳи имрӯз баъди он доир шуд, ки дар канори дафтари Ал-Дулаймӣ як мошин бо теъдоди бузурги маводи мунфаҷира ошкор гардид. Дар манзили сиёсатмадор анбори силоҳ ва либоси низомӣ пайдо шуд. Мақомоти Ироқ ҳадс мезананд, ки шояд муҳофизони сиёсатмадор дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ ва одамрабоӣ даст доранд.

Ал Дулаймӣ раиси яке аз ҳизбҳои эътилофи сунниҳои Ироқ аст, ки моҳи август аз ҳайати ҳукумати Ироқ берун шуд.

XS
SM
MD
LG