Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти изтирорӣ ба хотири бензин


Вазорати иқтисод ва рушди тиҷорати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳое, ки ба кишвар маводи сухт ворид мекунанд, ҷаласа доир намуд.

Аслами Мӯъминзод


Нишасти изтирории Вазорати иқтисоди Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои воридкунандаи маводи сухт - «Умед», «Газпром нефти Тоҷикистон», «Титан» дар ҳоле сурат гирифт, ки дар Душанбе аксари дуконҳои фурӯши бензин дарҳояшонро бастаанд ва қимати бензин алъон то ба 5 сомонӣ расидааст.

Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи Вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегуяд, болоравии ахири маводи ниёзи аввала дар Тоҷикистон мақомоти масъулро нигарон кардааст ва вазорати иқтисоди ин кишвар як кумисиюни махсус марбут ба назорати нархҳо дар бозорҳои мамлакатро таъсис додааст.

Намояндагони ширкатҳои интиқолгари маводи сухт ба Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфтаанд, ки яке аз сабабҳои гаронии нархи бензин, бо таъхир омадани қатори бензини Русия ба Тоҷикистон мебошад. Қатори бензин наздики яку ним моҳ дар роҳ будааст. Аммо манобеъи дигар, ин иттилоъро тасдиқ ва ё такзиб накарданд.

Тибқи иттилоъи Вазорати иқтисод ва рушди тиҷорати Тоҷикистон, интизор меравад, 30 ноябр қатораи ҳомили бензини ширкатҳои «Газпром нефти Тоҷикистон» ва «Титан» ба Тоҷикистон ворид шавад.

XS
SM
MD
LG