Пайвандҳои дастрасӣ

Арзиши бензин дар Тоҷикистон ба якборагӣ боло рафта ва дар ҳоли ҳозир як литри он бо нархи 3,5 - 4,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ва ин дар ҳоле, ки камтар аз як моҳи қабл як литр бензин камтар аз дуюним сомонӣ нарх дошт.

Аз субҳи имрӯз, бештари нуқтаҳои фурӯши бензин дар пойтахти Тоҷикистон пӯшида буданд, ва танҳо теъдоди каме аз онҳо фаъолият доранд.

Омили аслии афзоиши нархи бензинро гароншавии нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ медонанд. Коршиносон мегӯянд, ҳамчунин, он ки аз ин ба баъд тоҷирон бояд андози воридотиро бо евро бипардозанд, ба болоравии нархи бензин таъсир гузоштааст. Воҳиди пули Иттиҳодияи Аврупо дар чанд рӯзи ахир дар баробари сомонӣ боло рафта ва ҳамакнун, як евро = 5, 12 сомониро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон аслан аз Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон маводи сухт дарёфт мекунад.

Мардум нигаронанд, ки болоравии нархи сузишворӣ аз пайи худ қиммати маводи ғизоиро низ гарон мекунад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG