Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази тиббӣ барои мусалмонон дар Маскав


Дар пойтахти Русия шаҳри Маскав нахустин маркази тиббӣ барои мусалмонон боз мешавад.

Ба таъйиди Даря Дмитриева, корманди ширкати «Type Market», дар базаи поликлиникаи «Қимат – сифат» («Цена Качество»), воқеъ дар хиёбони Волгогради пойтахти Русия, маркази тиббии исломӣ ифтитоҳ мегардад. Ба гуфтаи ин мутахассис, ин муассисаи тиббӣ бо назардошти фарҳанги исломӣ, талабот ва хусусиёти он сохта шудааст. « мегӯяд: «Меъмориву ороиши бинои бемористон дар майдони 650 метри мураббаъ дар мутобиқат бо қавонини Қуръон сурат гирифтааст. Гузашта аз ин, пизишкони ихтисосҳои асосӣ дар сатҳи меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо назардошти талаботи Қуръон ҳама гуна омодагиву тахассуси лозима барои расонидани хидмати хуби тиббӣ ба мардону занони мусалмонро доранд».
Дар ҳамин ҳол дар маркази тиббии мазкур утоқҳои таҳораткунӣ, ибодатгоҳ ва буфету ошпазхонаи дорои ғизову нӯшобаҳои мутобиқ ба меъёри «ҳалол» омода шудаанд .
Мутахассисини марказ асосан бо забонҳои арабиву инглисӣ суҳбат мекунанд, ки хидмати беморони хориҷиро осон мекунад.
Қарор аст, дар маросими ифтитоҳи ин марказ, ки дар бинои ожонсии иттилоъотии ИТАР-ТАСС баргузор мегардад, аз ҷумла намояндагони Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоъии Русия, Думаи давлатӣ ва Шӯрои муфтиёти ФР ширкат кунанд.
Гуфта мешавад, ки сохтмони чунин як марказ дар шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон, дар назар аст. Дар амалисозии ин ду лоиҳа $10 миллион сармоя гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG