Ба эҳтимоли зиёд Путин аз мардуми кишвараш хоҳад хост, ки дар ин интихобот ширкати фаъол дошта бошанд. Хабари паёми телевизиёнии Владимир Путин замоне ошкор шуд, ки Шӯрои Федеросиюн қарореро дар бораи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ба тасвиб мерасонд. 26 ноябр рушан шуд, ки ин интихобот 2 марти соли оянда баргузор мешавад.
Тибқи қонун, тасмими Шӯрои Федеросиюни Русия дар бораи рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ замоне эътибор пайдо мекунад, ки он дар рӯзномаи ҳукуматии "Российская газета" ба нашр расад, ва аз замони тасвиб барои нашри он панҷ рӯз вақт дода мешавад. Бо назардошти ин муҳлат метавон гуфт, ки ин муҳлат то якуми декабр эътибор дорад.
Сергей Миронов, раиси Шӯрои Федерасиюни Русия гуфт, агар Владимир Путин то якуми декабр аз мақоми раисҷумҳури Русия истеъфо диҳад, дар он сурат метавонад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2 март худро номзад пешбарӣ кунад. Яъне, дар ин миён то 2 марти соли 2008 шояд ин мақомро каси дигар пеш барад ва Путин гуё бо чунин кор ду дафъа пайдарҳам интихобшуда дониста намешавад.
Тибқи сарқонуни Русия, шахсе, ки ду давра пайдарҳам раисҷумҳур интихоб шудааст, дар интихоботи баъдӣ наметавонад худро номзад пешбарӣ кунад. Ба ин далел, бино ба баъзе маълумот, Путин мумкин аст муваққатан истеъфо диҳад, то ба зудӣ ва бори дигар баргардад. Ин сару садоҳо замоне ба забонҳо омад, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ оқои Путин Виктор Зубковро ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард. Ҳоло ба таври густарда ин сару садоҳо дар гардиш аст, ки Виктор Зубков мақоми раисҷумҳури муваққатиро уҳдадор хоҳад буд.
Дар чунин ҳолат иддаои мухолифони сиёсии Путин дар ин бора, ки вай барои боқӣ мондани худ дар мақоми раисҷумҳур сарқонунро тағир медиҳад, аз мадди назар дур меравад. Александр Шохин, раиси иттиҳодияи корхонадорон ва соҳибкорони Русия, ба ҳатаномаи "Итоги" гуфтааст, ки Путин метавонад аз ҳамин роҳ дар сари қудрат боқӣ бимонад. Ба гуфтаи вай, барои бори дигар номзад пешбарӣ кардани Путин зарур нест, ки дар Қонуни Асосӣ тағир ворид ояд.
Ба қавли Александр Шохин ба ҳамин далел, Путин аввал аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва сипас намояндаи Думаи давлатӣ интихоб мешавад, зеро вай чун раисҷумҳур наметавонад ҳамзамон намояндаи Дума низ бошад. Қадами дуввум ин хоҳад буд, ки ҳизби Путин вайро ҳамчун раиси фраксияи ҳизбӣ дар Дума ба мақоми раисҷумҳур номзад пешбарӣ мекунад.
Дуруди бепоен ба ин муштзани Механ Ташаккур ба падару модараш ва мурабияхояш. Дуруд ба сарзамини Исфара,ки чунин номбардорони миллатро ба дуне оварда аст.
Фикр менамоям,ки депутатхои мо факат конун барои худашон мебароранд. Акнун бинед,ки дар як хонаи камбагал се нафар дар москва кор мекунанд,ки маблаги супоридани донишкадаро надоранд мачбур тарк карда мераванд. Бояд кокунони войкомат повестка дода пул мегиранд ,акнун кор дар кучо супер маркет мешавад.
Oson. Badi 100 sol yak 80% odamoni as 25 sola bolo kal xohand bud. Dardi bughum (sustav) xele ziyod meshavad va agar hozir sutavi zonu ivaz shavand aboshad badi 100 sol bughumi orinju kitfu angushton ham ivazshavanda xohand bud ki avvalin nishonahoi nim-odam, nim robot shudani omma xohand bd. Bo chi guyamta k davolni shavi?
Абдуллоҷон аз дарди дили мо нагуед бародар. Болои ҳамаи ин ноҳақӣ чанд вақт шудас дар армия политзанятияро сар кардаанд. Лексияҳои давраи СССР гирифта ба ҷои партияи коммунистӣ ҳизби халқӣ демократӣ гуфта сари мардумро гаранг доранд. Чандин бор ба началства фаҳмондем ки ин хилофи қонуни артиш аст. Генералҳо ҳамаш дар даҳоношон об гирифта чизе намеган. Ҳозир сар шудааст боз дар армияву мактабу университет ҳизбпарасти. Ҳамаш ғайри қонуни аст. Иншоолоҳ мо баринҳо дар армия кам нестем. Мо ватанамонро партофта ҳеҷ куҷо намеравем, пуст дузду ғартгарҳо раванд ҷони мардум халос шавад.
Ҳова миллати ҷанговарен ки тори куҳода гурехта гаштен, шаҳру ҳамвориҳотона турку муғул аз худ кард.