Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири шаҳр муовинонашро танбеҳ дод


Мири шаҳри Душанбе ҷойнишинони худро барои омодагиҳои ғайри қобили қабули шаҳрдорӣ ба фасли сармо муҷозот кард. Абдусаттор Сулаймонов, Абдулҳомид Шералиев, Санавбар Раҳимова ва Ҷамшед Мансуров – муовинони раиси шаҳр ва раиси ноҳияи Синои пойтахт, масъулини идораҳои маорифу беҳдошт, корхонаи воҳиди давлатии «Тиҷорат ва бозор» аз сӯйи шаҳрдори Душанбе танбеҳ гирифтанд. Мири шаҳр ҳамчунин масъулинро барои суръат бахшидан ба умури сохтмон биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ амр кард. Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ба нафарони танбеҳшуда дастур додааст, то 15-уми декабр камбудиҳои ҷойдошта дар раванди омодасозии иншоотҳои таҳти тобеияташон барои кор дар мавсими зимистонро ислоҳ бикунанд. Дар акси ҳол ин афрод аз вазифаҳояшон барканор хоҳанд шуд – таҳдид кард Убайдуллоев.
XS
SM
MD
LG