Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Путин фаъол мешаванд


Гирдиҳамоии мухолифин дар маркази Маскав, 24 ноябри 2007
Гирдиҳамоии мухолифин дар маркази Маскав, 24 ноябри 2007

Охири ҳафтаи гузашта полиси Русия гирдиҳамоиҳои мухолифини ҳукумати ин кишварро пароканда намуда, шумори зиёди мухолифини ҳукумат, минҷумла раҳбарони ҳизбҳои либералро боздошт намуд.

Рӯзи якшанбе дар майдони рӯ ба рӯи музеи Эрмитажи шаҳри Санкт-Петербург полиси мусаллаҳ бо сипару калтак имкон надод, ки мухолифин бо шиорҳои "Русия бидуни Путин!" раҳпаймоӣ намоянд. Чандин нафар латту кӯб шуданд. Полис муддате собиқ муъовини сарвазири Русия Борис Немтсовро ҳам боздошт намуда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки Немтсов дар интихоботи президентии моҳи март довталаби курсии раёсатҷумҳурии Русия шавад. Немтсов бо ишора ба шумораи бузурги афсарони полис гуфт, бубинед, онҳо аз мо метарсанд.

Таъқиби мухолифин як ҳафта пеш аз интихоботи парлумонии Русия ба вуқӯъ пайваст. Як рӯз пеш аз он дар Маскав низ полис раҳпаймоии мухолифини ҳукуматро пароканда карда, даҳҳо фаъоли ҷунбишҳои зиддиҳукуматӣ ва дар байни онҳо собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар шатранҷбозӣ Гаррӣ Каспаровро ба ҳабс гирифт. Рӯзи якшанбе додгоҳи Маскав ҳукм баровард, ки Каспаров ба муддати панҷ рӯз аз озодӣ маҳрум шавад. Вале Каспаров ҳукми додгоҳро ноодилона номид. Ӯ гуфт, «ҳама чизе, ки шумо ҳоло шунидед, дурӯғи мазҳ аст. Шаҳодати шоҳидон ба ҳам мутобиқ набуд. Ин барномаи Путин дар амал аст!»

Дар Вашингтон сухангӯи департаменти давлатии ИМА Шон Маккормак гуфт, ки усули султаҷӯёнаи мақомоти Русия дар муқобили эътирозгарон ва боздошти раҳбарони онҳо нигарон аст.

Полиси Русия замоне даст ба амал зад, ки дар байни эътирозгарон як идда ҷавонон бо парчамҳои ҳизби манъшудаи Натсионал-Болшевикҳо ба раҳпаймоии тахминан сад узви гурӯҳи Яблоко ҳамроҳ шуданд. Пайравони Яблоко дар даст гулҳои сафед доштанд. Сухангӯи Яблоко Евгения Диллендорф гуфт, ба фикри вай ҷавонони парчамбардор иғвогароне буданд, ки ҳадафашон сафед намудани таъқиби гирдиҳамоӣ буд.

Полис ба дохили издиҳоми мардумӣ даромада, беш аз сад нафар ва дар байни онҳо Борис Несмтсов ва Никита Белих - раҳбарони ҳизби Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро ё худ СПС-ро дастгир намуд. Баъди бозпурсии кӯтоҳ Немтсов ва Белих раҳо шуданд. Эътирозгар Нина Бурбуроваи 73 сола мегӯяд, падару модари ӯро Сталин таъқиб карда буд ва ҳоло ҳамон давраи таъқибу диктатура эҳё мешавад.

Кремл маъракаи бузургеро роҳандозӣ намудааст, то дар интихоботи парлумонии 2 декабр ҳизби Путин "Русияи воҳид" ё худ "Единая Россия" пирӯзии комил ба даст орад. Эҳтимол ба ин восита Путин мехоҳад баъди моҳи май, яъне сари қудрат омадани раисҷумҳури нав ҳам умури давлатро зери назорат дошта бошад. Тибқи сарқонуни феълии Русия, як кас наметавонад, се давра паи ҳам раисҷумҳур бошад.

Аз сӯе ҳам шояд Кремл бовар дорад, ки бо пайвасти ҳизби Русияи воҳид ба Путин ҳизби ҳоким дар қудрат боқӣ хоҳад монд. Аммо Станислав Белковский, раиси пажӯҳишгоҳи стратегияи миллии Русия, гуфт, «мақомот ба хато роҳ доданд. ва дарк намекунанд, ки сарчашмаи пуштибонии бузург аз Путин чист. Ин на ба истилоҳ рейтинги маҳбубият асту на арзёбии фаъолиятҳои ӯ. Ин тасдиқи ҳамон воқеиятест, ки Путин анъанаҳои салтанатиро эҳё намуд. Ӯ дар чашми мардум ҳеҷ камбудӣ надорад ва мисли шоҳ ҳеҷ рақиби сиёсӣ ҳукм меронад. Ҳамчунон ӯ мисли шоҳ асту сарфи назар аз мухолифат ва ё пуштибонии сиёсатҳояш 70 дарсади мардум ӯро эътироф мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ин пуштибонӣ ба ҳизби «Русияи воҳид» ҳам дахл дорад."

Коршиносони мустақил бо ишора ба ташвишҳои ҳалқаи дохилии президент Путин дар давраи интихобот мегӯянд, Русия аз такрори рӯйдодҳои шабеҳи инқилоби садбаргии соли 2003-и Гурҷистон ва инқилоби норанҷии соли 2004-и Украина дар Русия хавф доранд.

XS
SM
MD
LG