Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти ҳизби ҳокими Устролиё дар интихобот


Дар Устролиё ҳизби мухолифи давлати ин кишвар дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шуд. Ҳизби Кори Кевин Руд дар ин корзори сиёсӣ ҳизби Либероли нахуствазир Ҷон Ҳовардро шикаст дод. Сиёсатмадор Кевин Руд қавл додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз гармоиши замин аҳдномаи Киоторо хоҳад кард ва нерӯҳои боқимондаи Устролиё дар Ироқро аз ин кишвар хориҷ мекунад. Ҷон Ҳовард, ки 11 сол дар Устролиё дар сари қудрат буд, шикасташ дар интихоботро эътироф кард ва гуфт, ки зоҳиран курсиаш дар порлумонро низ аз даст хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG