Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф ба Покистон бармегардад


Навоз Шариф, нахуствазири собиқи Покистон ва рақиби калидии раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф гуфтааст, ки ният дорад тавофуқи Арабистони Саъудиро пазируфта ба Покистон баргардад. Чодри Шуҷоат Ҳуссайн, раиси лигаи ҳокими мусалмонони Покистон гуфт, ки барои бозгашти Навоз Шариф ба ватан як муомилае миёни мақомоти ду кишвар ҳосил шудааст. Дар ҳоле, ки роҷеъ ба мӯҳтавои ин муомила иттилои бештар дар даст нест, мушаххас аст, ки оқои Шариф ният дорад барои ширкат дар интихоботи рӯзи 8 январ ба ватан баргардад.
XS
SM
MD
LG